Овозаҳои муҳими футболи тоҷик

Овозаҳои муҳими футболи тоҷик
Подписаться на

Футболбози тоҷик рӯз аз рӯз маҳорат худро сайқал дода ба ҳамсоякишвар ва ҳатто ба Аврупо номи худро гузошта истодаанд.

ДУШАНБЕ, январ – SPORTS.tj. Овозаҳое ҳастанд, ки футболбозони моро то Белгияву Туркия бурда истодаанд, ки инҷо муфассал ҳарф хоҳем зад.

Шериддин БобоевОзорбойҷону Эрон

Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, ки мавсими гузашта дар дастаи Пенанг ҳунарнамоӣ намуда буд ва пас аз анҷоми шартномааш ба Ватан баргашт. Аввалан овозаҳо гирди ин футболбоз бисёр буд, вале баъдан хомӯш гардид, вале боз миш-миш ҳаст, ки гуе ду дастаи Эронӣ (номаш ҳоло аниқ карда нашудааст) ба ин футболбози мо шартнома пешниҳод намуда бошад. Инро ҳатто футболбоз ҳам тасдиқ намуд. Баъдан яке аз дастаҳо маълум гардид, ки ин тими Трактор Сози будааст.

 Инчунин расонаҳои озарӣ менависанд, ки дастаи Сабаил ба ин футболбоз дархост расмӣ пешниҳод кардааст. Сабаил дар чемпионати Озорбойҷон, пас аз гузашти 14 давр дар мақоми охирин қарор дорад.

Эҳсони Паншанбе – аз Туркияву Эрон то Русия

Эҳсони Паншанбе, яке аз беҳтарин (агар беҳтарин футболбоз айни замон набошад) футболбози кишвар ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳоло дар тими Навбаҳор баромад намуда истодааст. Овозаҳо гирди ин футболбоз хеле зиеданд. Ӯро чи дар Эрон, чи дар Туркия ва чи дар Русия интизор ҳастанд.

Дастаи Фулад ва Истиқлоли Эрон ва ҳамчунин Хатайспори Туркия инчунин дастаҳои Русия ният доранд, ки футболбози моро шартнома кунанд. Лекин ҳоло ҳамааш овоза аст ва ӯ футболбози Навбаҳор ба ҳисоб рафта дар тамринҳои дастаҷамъонаи тим иштирок дорад.

Муҳаммадалӣ Азизбоев – Туркия

Яке аз бомаҳоратарин футболбози ҷавони тоҷик, ки аллакай малакаи бозикуниро дар чемпионати Ӯзбекистон дорад, аз рӯи миш-мишҳо ба чемпионати Туркия равона мешавад. Ӯро якчанд дастаҳои туркӣ аз лигаҳои гуногуни ин давлат ҳавасмандӣ пайдо кардаанд.

Лекин дар сӯҳбат бо sports.tj футболбоз ин овозаҳоро рад карда гуфтааст, ки ҳоло аз ягон дастаҳои туркӣ дархост нагирифтааст, вале мехоҳад, ки корномаашро дар он давлат ҳунарнамоӣ намояд.

Фатҳулло Фатҳуллоев – Малайзия

Беҳтарин футболбози сол аз рӯи фарзияи sports.tj Фатҳулло Фатҳуллоев мумкин аст, ки корномаашро дар чемпионати Малайзия давом диҳад. Дар ин бора овозаҳои зиёде мавҷуд аст. Лекин то чи андоза ба ҳақиқат наздик буданашро футболбоз рад намуд.

Ҳамчунин  гуфтугӯ ҳаст, ки Фатҳуллоев на ба Малайзия, балки ба дастаи Хуҷанд гузариш хоҳад кард. Аллакай Фатҳулло Фатҳуллоев дар дастаи Хуҷанд соли 2020-ум баромад намудааст. Хуҷанд, ки дар таърихи худ ягон маротиба чемпиони Тоҷикистон нагаштааст, имрӯз буҷаашро хубтар менамояд ва янчанд футболбозони бомаҳоратро даъват карданист.

Рустам Соиров – Белгияву Юнон

Вақте, ки исми Рустам Соировро ба забон меорем, ҳатман бозии хуби ӯ дар чемпионати Осиёву ҷаҳон байни ҷавонон пеши назар меояд. Якчанд сол пеш ба ин футболбози тоҷик дастаи Ювентус мароқ зоҳир карда буд, вале ба ҷузъ овоза дигар ягон амале барпо нашуд.

Акнун бо гузашти солҳо боз овозаҳо гирди ин футболбоз чарх мезанад. Рустам Соировро дар Андерлехт ва Гент-и Белгия интизор будаанд, вале ягон сарчашма инро тасдиқ накардааст. Ҳамчунин Панатинаикоси Юнон низ мехоҳад дар ҳайати худ ин футболбози тоҷикро дошта бошад. Пас аз оне, ки рӯзҳои истироҳатии пас аз соли нави ба итмом мерасад, гуфтушунидро бо яке аз ин дастаҳо оғоз хоҳад кард.

Илҳом Баротов – Хуҷанд

Гап гап буд, ки Илҳом Баротов аз ҳисоби вазъияти оилавӣ тарки футбол менамояд, ки инро худи футболбоз ҳам тасдиқ намуда буд. Капитан ва лидери Истаравшан ҳамчунин аз мухлисон ҳам узрхоҳи кард, ки даста дар соли 2021 натавонист ба Ҷоми АФК роҳ ёбад.

Акнун сару садоҳо гирди ин футболбоз боз пайдо шуд, ки ӯ ба дастаи Хуҷанд гузариш мекардааст. Мухлисони Истаравшан ин гузаришро мебахшида бошанд? Не? Пас, чаро соли 2016-ум Илҳом Баротов дар Хуҷанд баромад намуду гуе ягон гапе нашуда бошад, мухлисон хап буданд. Ин дафъа ҳам мухлисони Истаравшан лидери худро мебахшанд, чун футболбоз барои кумак ба дастаи Хуҷанд ба Ҷоми АФК хоҳад рафт.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!