Зоир Ҷӯрабоевро аллакай дар шаҳри Термез мухлисон мешиносанд
Футболбози мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев имсол аз дастаи «Истиқлол» ба «Сурхони» Ӯзбекистон гузариш намуд ва аввалин таассуроташро оиди даста ва чемпионати Ӯзбекистон ба SPORTS.tj чунин ибрози андеша намуд.
— Сабаби аввалине, ки ман дастаи Сурхон қабул карданам — хостам, ки берун аз Тоҷикистон қувваамро санҷам. Дидам, ки проекти ин даста аҷиб аст, дарҳол қабулаш намудам.
— Ба ғайр аз «Сурхон» боз буданд пешниҳодҳо?
— Бале, чи дар дохил ва чи аз хориҷ пешниҳодҳо буданд, лекин нисбати чемпионати Ӯзбекистон суст, ки буд, қабулашон накардам.
— Пеш аз ба «Сурхон» рафтанатон, бо ки маслиҳат намудед?
— Бо падару модарам. Онҳо розӣ, ки бошанд, ҳамааш хуб мешавад.
— Дар «Сурхон» шуморо чи гуна қабул карданд?
— Даста чун як оила. Маро хуб қабул карданд. Дар муддати кӯтоҳ бо ҳама унс гирифтам.
— Дар даста бештар бо ки дӯстӣ доред?
— Бо ҳама аъзоёни даста).
— Умуман чемпионати Ӯзбекистонро чи гуна баҳо медиҳед?
— Чемпионати Ӯзбекистон яке аз беҳтарин чемпионат байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Инҷо бозиҳо пешгӯинашаванда аст. Дар бозӣ фаворити асосӣ дида намешавад. Варзишгоҳҳо пури мухлисон, майдонҳо дар сатҳи олӣ.
— Шуморо дар кӯчаҳои Термез аллакай мешиносанд?
— Аз сабабе, ки Варзишгоҳи мо тамрин рафта истодааст, бозиҳои хонагии худро дар шаҳри Самарқанд доир мекунем ва ба ин хотир бештари мухлисони шаҳр моро намешиносанд. Лекин дилбохтагони асили даста албатта мешиносанд.
— Дар даври 3-юм шумо шомили ҳайати рамзии давр гардидед. Чӣ ҳиссиёт аст?
— Хеле хуб аст, ки дар чунин чемпионатҳо бозиамонро қадр мекунанд. Хурсандам ва ҳаракат мекунам, ки дар чунин ҳайатҳо бештар шомил шавам.
— «Истиқлол», ки имсол ҳам дар Ҷоми Қаҳрамонҳои Осиё баромад, чаро онҷо наистодед?
— Мо аллакай ба чӣ қодир будани «Истиқлолро» соли гузашта дар ин мусобиқот нишон додем. Футболбозони мо ҳам қудрати бо беҳтарин дастаҳои Осиё баробар бозӣ карданро доранд. Аз сабабе, ки пешниҳод аз чемпионати Ӯзбекистон ба ман омад, хостам қувваи худро инҷо бисанҷам.