Сиёвуш Асроров дар Бангладеш боқӣ мемонад

Сиёвуш Асроров дар Бангладеш боқӣ мемонад
Подписаться на

Футболбози тоҷик дар дастаи «Раҳматгонжи» Бангладеш мехоҳад, ки қарордодашро бо даста тамдид намояд

– Шартномаи ман бо дастаи «Раҳматгонж» то 15 апрел амал мекунад ва мехоҳам, ки то анҷоми мавсими 2022, яъне то моҳи июн тамдид намоям.

– Бозӣ кардан дар «Раҳматгонж» чи гуна аст?

– Хеле хуб. Якдигарфаҳми дар даста вуҷуд дорад, атмосфера дар утоқи либосивазкунӣ олист. Фикр мекунам, ки мондаам дар ин тим ҳам барои ман ва ҳам барои даста хуб аст.

– Иқлими Бангладеш гарм аст. Мушкил нест бароятон?

– Ман аллакай дар инҷо чанд сол аст, ки баромад дорам. Пеш аз ин даста, дар «Шайх Рассел» баромад намуда будам. Ба иқлими инҷо одат кардаам.

– Аз ягон дастаҳои Тоҷикистон пешниҳод ҳаст?

– Ҳоло не.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!