Сиёвуш Асроров дар Бангладеш боқӣ мемонад
Футболбози тоҷик дар дастаи «Раҳматгонжи» Бангладеш мехоҳад, ки қарордодашро бо даста тамдид намояд
— Шартномаи ман бо дастаи «Раҳматгонж» то 15 апрел амал мекунад ва мехоҳам, ки то анҷоми мавсими 2022, яъне то моҳи июн тамдид намоям.
— Бозӣ кардан дар «Раҳматгонж» чи гуна аст?
— Хеле хуб. Якдигарфаҳми дар даста вуҷуд дорад, атмосфера дар утоқи либосивазкунӣ олист. Фикр мекунам, ки мондаам дар ин тим ҳам барои ман ва ҳам барои даста хуб аст.
— Иқлими Бангладеш гарм аст. Мушкил нест бароятон?
— Ман аллакай дар инҷо чанд сол аст, ки баромад дорам. Пеш аз ин даста, дар «Шайх Рассел» баромад намуда будам. Ба иқлими инҷо одат кардаам.
— Аз ягон дастаҳои Тоҷикистон пешниҳод ҳаст?
— Ҳоло не.