Шикасти Абубакру Анушервон дар чемпионати ҷаҳон

Шикасти Абубакру Анушервон дар чемпионати ҷаҳон
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар шаҳри Олбияи Италия чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҷараён дорад.

ДУШАНБЕ, октябр – SPORTS.tj. Дар нахустин рӯзи қувваозмоиҳо Тоҷикистонро дар вазни 66 кг Абубакр Шеров ва Анушервон Қувватов намояндагӣ карданд.

Абубакр дар даври аввал дар 20 сония ҳарифи худ аз Кувейт – Муҳаммад Албаракро бо “иппон” шикаст дод, вале дар даври дуюм дар “голден скор” аз ҷудочии Русия, чемпиони ҷаҳон миёни наврасон-2019 – Абрек Нагучев шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Анушервон Қувватов дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори Латвия – Энтони де Анҷелис ноком шуд.

8-уми октябр Саидраҳим Раҳимов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни 81 кг) ва Мирзоев Раҳматулло (90 кг) рӯи татами мебароянд.

Поделиться ссылкой:


Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!