Шикасти Абубакру Анушервон дар чемпионати ҷаҳон
Дар шаҳри Олбияи Италия чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҷараён дорад.
ДУШАНБЕ, октябр — SPORTS.tj. Дар нахустин рӯзи қувваозмоиҳо Тоҷикистонро дар вазни 66 кг Абубакр Шеров ва Анушервон Қувватов намояндагӣ карданд.
Абубакр дар даври аввал дар 20 сония ҳарифи худ аз Кувейт – Муҳаммад Албаракро бо “иппон” шикаст дод, вале дар даври дуюм дар “голден скор” аз ҷудочии Русия, чемпиони ҷаҳон миёни наврасон-2019 – Абрек Нагучев шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.
Анушервон Қувватов дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори Латвия — Энтони де Анҷелис ноком шуд.
8-уми октябр Саидраҳим Раҳимов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни 81 кг) ва Мирзоев Раҳматулло (90 кг) рӯи татами мебароянд.