Дастаҳо чанд легионери доранд – тафсилот, фактҳо

Дастаҳо чанд легионери доранд – тафсилот, фактҳо
Подписаться на

Чемпионати имсолаи мамлакат бо иштироки 59 легионерон аз 10 давлатҳо баргузор хоҳанд гашт.

Ӯзбекистон – 28 намоянда

Аз ҷиҳати легионерон пешсафии бесобиқаро Ӯзбекистон касб менамояд, ки 28 намоянда дорад ва ягона дастае, ки аз Ӯзбекистон намоянда надорад, ин дастаи Равшани Кулоб аст.

Боқимонда 9 дастаи дигари чемпионати имсола дорои ҳадди ақал 1 легионери узбекистонӣ аст. Аз ҳама бештар дастаи Равшани Зафаробод ва Эсхата доранд, ки теъдодашон ба 6 адади мерасад.

Намояндагони Ӯзбекистон дар дастаҳо:

Равшан З – 6

Эсхата – 6

Регар-ТадАЗ – 3

Файзканд – 3

Истаравшан – 3

Хуҷанд – 3

Вахш – 2

КМВА – 1

Истиқлол – 1

Аз ҳисоби мавқеъҳо аз ҳама бештар ҳимоятгарон ва нимҳимоятгар аз Ӯзбекистон омадаанд, ки теъдоди онҳо ба 11 мерасад. 2 дарвозабон ва 4 ҳамлагар.

Камерун – 10 намоянда

Дар мақоми дуюм намояндагони Камерун меистанд, ки 10 легионер доранд.  4 ҳимоятгар, 4 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар.

Намояндагони Камерун дар дастаҳо:

Файзканд – 3

Истаравшан – 3

Равшани Кулоб – 2

Вахш – 2

Гана – 8 намоянда

Пешсафи намояндагии солҳои пеш Гана, имсол дар чемпионати мо ҳамагӣ 8 нафаранд. 2 даврозабон, 4 ҳимоятгар ва 2 нимҳимоятгар.

Намояндагони Гана дар дастаҳо:

КМВА – 4

Равшани Кулоб – 3

Вахш – 1

Россия ва Белорус  – 3 намояндагӣ

Аз Россия дар чемпионати мо имсол 3 намоянда бозӣ мекунад. 2 нимҳимоятгар ва 1 ҳамлагар.  Намояндагони Белорус ҳам чун намояндагони Россия 3 нафаранд. 2 ҳимоятгар ва 1 нимҳимоятгар.

Намояндагони Россия дар дастаҳо:

КМВА – 1

Хуҷанд – 1

Истиқлол – 1.

Намояндагони Белорус дар дастаҳо:

Хуҷанд – 2

Истиқлол – 1

Кот-Д’Ивуар ва Эрон – 2 намояндагӣ

Намояндагони Кот-Д’Ивуар ва Эрон дар чемпионати имсола 2 нафарианд. Аз Эрон 2 ниммуҳофиз ва аз давлати қитъаи Африқо 2 нимҳимоятгар ва 1 ҳамлагар.

Намояндагони Эрон дар дастаҳо:

КМВА – 1

Файзканд – 1

Намояндагони Кот-Д Ивуар дар дастаҳо:

Равшани Кулоб – 2

Бразилия, Украина ва Габон – 1 намояндагӣ

Аз давлатҳои Бразилия, Украина ва Габон ҳамагӣ 1 намояндагӣ баромад менамоянд. Дар дастаи Истаравшан 1 нимҳимоятгари Бразилӣ баромад хоҳад кард ва дар дастаи Истиқлол бошад 1 ҳимоятгар аз Украина ва 1 ҳамлагар аз Габон аст.

Легионерон дар мавқеъҳои майдон

Ҳимоятгарон – 24

Нимҳимоятгарон – 22

Ҳамлагарон – 9

Дарвозабонон – 4.

Дастаҳо чанд легионери доранд?

Аз ҳама легионери кам дар дастаи Регар-ТадАЗ дида мешавад. Дар ин даста ҳамагӣ 3 легионер дида мешавад.

Равшани Кулоб – 7 легионер (3 нафар аз Гана, 2 нафари аз Ганаву Кот-Д’Ивуар).

Истаравшан – 7 легионер (3 нафари аз Ӯзбекистону Камерун, 1 нафар аз Бразилия).

Файзканд – 7 легионер (3 нафари аз Ӯзбекистону Камерун ва 1 нафар аз Эрон).

КМВА – 7 легионер (4 нафар аз Гана ва 1 нафари аз Ӯзбекистону Россияву Эрон).

Равшани Зафаробод – 6 легионер (ҳама аз Ӯзбекистон).

Эсхата – 6 легионер (ҳама аз Ӯзбекистон).

Хуҷанд – 6 легионер (3 нафар аз Ӯзбекистон, 2 нафар аз Белорус ва 1 нафар аз Россия).

Истиқлол – 5 легионер (1 нафари аз Украинаву Ӯзбекистону Белорусу Россияву Габон).

Вахш – 5 легионер (2 нафари аз Ӯзбекистону Кмиерун ва 1 нафар аз Гана).

Регар-ТадАЗ – 3 легионер (ҳама аз Ӯзбакистон).

4 нафар аз мураббиёни хориҷӣ сармураббигии дастаҳои имсолро ба ӯҳда доранд

Виталий Левченко аз Украина – Истиқлол

Реза Паркас аз Олмон – Истаравшан

Амин Субҳонӣ аз Эрон – КМВА

Масъуд Назарзода аз Эрон – Файзканд.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!