Дастаҳо чанд легионери доранд — тафсилот, фактҳо
Чемпионати имсолаи мамлакат бо иштироки 59 легионерон аз 10 давлатҳо баргузор хоҳанд гашт.
Ӯзбекистон — 28 намоянда
Аз ҷиҳати легионерон пешсафии бесобиқаро Ӯзбекистон касб менамояд, ки 28 намоянда дорад ва ягона дастае, ки аз Ӯзбекистон намоянда надорад, ин дастаи Равшани Кулоб аст.
Боқимонда 9 дастаи дигари чемпионати имсола дорои ҳадди ақал 1 легионери узбекистонӣ аст. Аз ҳама бештар дастаи Равшани Зафаробод ва Эсхата доранд, ки теъдодашон ба 6 адади мерасад.
Намояндагони Ӯзбекистон дар дастаҳо:
Равшан З — 6
Эсхата — 6
Регар-ТадАЗ — 3
Файзканд — 3
Истаравшан — 3
Хуҷанд — 3
Вахш — 2
КМВА — 1
Истиқлол — 1
Аз ҳисоби мавқеъҳо аз ҳама бештар ҳимоятгарон ва нимҳимоятгар аз Ӯзбекистон омадаанд, ки теъдоди онҳо ба 11 мерасад. 2 дарвозабон ва 4 ҳамлагар.
Камерун — 10 намоянда
Дар мақоми дуюм намояндагони Камерун меистанд, ки 10 легионер доранд. 4 ҳимоятгар, 4 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар.
Намояндагони Камерун дар дастаҳо:
Файзканд — 3
Истаравшан — 3
Равшани Кулоб — 2
Вахш — 2
Гана — 8 намоянда
Пешсафи намояндагии солҳои пеш Гана, имсол дар чемпионати мо ҳамагӣ 8 нафаранд. 2 даврозабон, 4 ҳимоятгар ва 2 нимҳимоятгар.
Намояндагони Гана дар дастаҳо:
КМВА — 4
Равшани Кулоб — 3
Вахш — 1
Россия ва Белорус — 3 намояндагӣ
Аз Россия дар чемпионати мо имсол 3 намоянда бозӣ мекунад. 2 нимҳимоятгар ва 1 ҳамлагар. Намояндагони Белорус ҳам чун намояндагони Россия 3 нафаранд. 2 ҳимоятгар ва 1 нимҳимоятгар.
Намояндагони Россия дар дастаҳо:
КМВА — 1
Хуҷанд — 1
Истиқлол — 1.
Намояндагони Белорус дар дастаҳо:
Хуҷанд — 2
Истиқлол — 1
Кот-Д’Ивуар ва Эрон — 2 намояндагӣ
Намояндагони Кот-Д’Ивуар ва Эрон дар чемпионати имсола 2 нафарианд. Аз Эрон 2 ниммуҳофиз ва аз давлати қитъаи Африқо 2 нимҳимоятгар ва 1 ҳамлагар.
Намояндагони Эрон дар дастаҳо:
КМВА — 1
Файзканд — 1
Намояндагони Кот-Д Ивуар дар дастаҳо:
Равшани Кулоб — 2
Бразилия, Украина ва Габон — 1 намояндагӣ
Аз давлатҳои Бразилия, Украина ва Габон ҳамагӣ 1 намояндагӣ баромад менамоянд. Дар дастаи Истаравшан 1 нимҳимоятгари Бразилӣ баромад хоҳад кард ва дар дастаи Истиқлол бошад 1 ҳимоятгар аз Украина ва 1 ҳамлагар аз Габон аст.
Легионерон дар мавқеъҳои майдон
Ҳимоятгарон — 24
Нимҳимоятгарон — 22
Ҳамлагарон — 9
Дарвозабонон — 4.
Дастаҳо чанд легионери доранд?
Аз ҳама легионери кам дар дастаи Регар-ТадАЗ дида мешавад. Дар ин даста ҳамагӣ 3 легионер дида мешавад.
Равшани Кулоб — 7 легионер (3 нафар аз Гана, 2 нафари аз Ганаву Кот-Д’Ивуар).
Истаравшан — 7 легионер (3 нафари аз Ӯзбекистону Камерун, 1 нафар аз Бразилия).
Файзканд — 7 легионер (3 нафари аз Ӯзбекистону Камерун ва 1 нафар аз Эрон).
КМВА — 7 легионер (4 нафар аз Гана ва 1 нафари аз Ӯзбекистону Россияву Эрон).
Равшани Зафаробод — 6 легионер (ҳама аз Ӯзбекистон).
Эсхата — 6 легионер (ҳама аз Ӯзбекистон).
Хуҷанд — 6 легионер (3 нафар аз Ӯзбекистон, 2 нафар аз Белорус ва 1 нафар аз Россия).
Истиқлол — 5 легионер (1 нафари аз Украинаву Ӯзбекистону Белорусу Россияву Габон).
Вахш — 5 легионер (2 нафари аз Ӯзбекистону Кмиерун ва 1 нафар аз Гана).
Регар-ТадАЗ — 3 легионер (ҳама аз Ӯзбакистон).
4 нафар аз мураббиёни хориҷӣ сармураббигии дастаҳои имсолро ба ӯҳда доранд
Виталий Левченко аз Украина — Истиқлол
Реза Паркас аз Олмон — Истаравшан
Амин Субҳонӣ аз Эрон — КМВА
Масъуд Назарзода аз Эрон — Файзканд.