Баромади футболбозони тоҷик дар хориҷа

Баромади футболбозони тоҷик дар хориҷа
Подписаться на

Дар чемпионатҳои гуногуни ҷаҳон ин ҳафта футболбозони тоҷик баромад намуданд, ки дар гузориши зер манзуратон хоҳем кард.

Ӯзбекистон, даври 3

Металлург – Сурхон – 0:0

Зоир Ҷӯрабоев (Сурхон). Дар ин давр футболбози тоҷик хеле хуб баромад намуд ва дар дидор бо Металлург 90 дақиқа майдондорӣ намуд. Пас аз анҷоми давр ӯ шомили ҳайати рамзии даври 3-юми чемпионати Ӯзбекистон аз рӯи фарзияи championat.asia гардид.

Навбаҳор – Куканд 1912 – 2:0

Эҳсони Паншанбе (Навбаҳор) – Эҳсон дар ин дидор дар дақиқаи 89-ум ба майдон омад.

АГМК – Насаф – ба тақиф гузошта шуд

Алишер Ҷалилов (АГМК) – Аз сабаби бозиҳои мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Ҷоми Наврӯз 2022, бозии АГМК – Насаф доир нашуд.

Бунёдкор – Локомотив Тошкент 2:1

Давронҷон Эргашев (Бунёдкор) – Аллакай сеюмин бозӣ пайи ҳам аст, ки Давронҷон ба ҳайси капитани Бунёдкор ба майдон мебарояд ва дар ин дидор ҳам, чун пештара 90 дақиқа майдондорӣ намуд.

Қазоқистон, даври 3

Атирау – Мактаарал 2:1

Шериддин Бобоев (Мактаарал) – Шериддин 45 дақиқаи қисми аввал  дар майдон буд, вале ба ягон натиҷаи нишонрас ноил нашуд.

Ҳиндустон, даври 6

Индиан Эрроус – Айҷаил 0:2

Бахтиёр Қаландаров (Айҷаил) – Айҷаили Бахтиёр Қаландаров дар даври навбатии чемпионати Ҳиндустон дар сафар тими Индиан Эрроусро 2:0 шикаст дод ва футболбози тоҷик 90 дақиқа майдондорӣ намуд

Булғористон, даври 24

Арда – Локомотив Пловдив 5:1

Парвизҷон Умарбоев (Локомотив Пловдив) – Локомотиви Пловдив дар сафар аз Арда 1:5 шикаст хӯрд ва голи ягонаи Локомотивро футболбози тоҷик Парвизҷон Умарбоев ба самар расонид.

Эрон, даври 23

Персеполис – Истиқлол 1:1

Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров (Персеполис) – Ин дидорро ҳарду футболбози тоҷик аз курсии эҳтиётӣ тамошо намуданд.

Бангладеш, даври 9

Раҳматгонж – Свадхинада 1:1

Сиёвуш Асроров (Раҳматгонж) – Футболбози тоҷик дар ин дидор 90 дақиқа майдондорӣ намуд.

Ҳиндустон, лигаи 1, даври 6

Раҷастан Юнайтед – Черчилл Брозерс 2:0

Комрон Турсунов (Черчилл Брозерс) – Комрон Турсунов аллакай дар лигаи якуми чемпионати Ҳиндустон 3юм сол аст, ки баромад дорад. Пештар дар дастаҳои Мохун Баган ва ТРАУ баромад намуда буд, вале натиҷа хубе нишон медод. Аллакай 5-умин бозӣ аст, ки дар Черчилл Брозерс баромад дорад, вале 1 ассист дар номаш асту халос. Дар ин дидор бошад, футболбози тоҷик 79 дақиқа майдондорӣ намуд.

https://www.instagram.com/p/CbXVOlvoCY-/
Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!