Аслиддин Ҳабибуллоев: Бо шогирдони худ ифтихор дорам
Дастаи футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар соли 2022 барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон гардид.
Атрофи ин бозиҳо сӯҳбати кӯтоҳе доштем бо сармураббии дастаи “Хатлон” Аслиддин Ҳабибуллоев.
— Рӯзатон ба хайр бошад Аслиддин Хайруллоевич. Дастоварди аввалинатонро дар мавсими нав табрик мекунем. Дар даври гурӯҳии бозиҳои Ҷоми ЛФТ рақибони дастаи “Хатлон” кадом дастаҳо буданд ва онҳоро чӣ гуна баҳо медиҳед?
— Ташаккур! Пеш аз ҳама мехоҳам шогирдони худ ва тамоми мухлисони дастаи “Хатлон”-ро ба муносибати ба даст овардани Ҷоми ЛФТ табрик намоям. Бояд қайд кард, ки мо ба даври ниҳоӣ аз як гурӯҳе баромадем, ки ҳайати дастаҳои он бисёр пурқувват буданд.
Хусусан, дастаҳои “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА, ки имсол дар бозиҳои Ҷоми КФО баромад мекунанд, бисёр тайёрии хуб дида буданд. Дастаи дигар ин дебютанти лигаи Олӣ – “Равшан”-и Зафаробод буд.
— Дар ин гурӯҳи пурқувват рақобатҳо чӣ хел сурат гирифтанд?
— Бозиҳо бисёр ҷолиб баргузор шуданд. 3 имтиёзи аввалро нахуст мо аз дастаи “Равшан”-и Зафаробод ситондем. Бозии дуюми мо бо дастаи “Хуҷанд” сурат гирифт, ки бо ҳисоби 3-1 пирӯз шудем. Бозии мо бо дастаи КМВА то дақиқаи 85-ум мусовӣ ҷараён дошт.
Вале баъди корти сурх гирифтани бозингари дастаи КМВА шогирдони мо дар давоми 7 дақиқа 3 голи беҷавоб ба самар расониданд. Бояд қайд кард, ки ин 3 тӯбро футболбозони аз қисми эҳтиёти ба майдономада ба ҳадаф расониданд.
— Дар финал бо дастаи “Равшан”-и Кӯлоб рӯ ба рӯ шудед. Биёед атрофи ин бозӣ сӯҳбатро идома медиҳем.
— Вақте ки аз даври гурӯҳӣ мо ба финал ҳамчун дастаи аввал, бе аз даст додани имтиёз баромадем, бисёр боварӣ доштем, ки ғалаба ба даст меоварем. Лекин бо чунин шаклашро интизор набудем.
Нахуст Умарҷон Шарипов дар дақиқаи 19-ум ҳисобро кушод. Вале дар дақиқаи 39-уми бозӣ ҳамлагари мо Жан Гатен ва дар дақиқаи 61-ум капитани даста Равшан Азизов корти сурх гирифтанд.
— Яъне давоми қариб 40 дақиқа 9 нафара бозӣ кардед?
— Бале, агар вақти иловагӣ додаи доваронро ба назар гирем, мо наздики 40 дақиқа бо 2 футболбоз кам майдондорӣ кардем.
— Бо ин вазъ бозӣ чӣ гуна идома ёфт?
— Албатта мушкил буд. Вақте ки капитани даста низ майдонро тарк мекунад ин ба рӯҳияи бозингарон таъсир бад мерасонад. То анҷоми бозӣ аз тарафи рақибон фишорӣ сахт буд ва хавфи ба самар расонидани голи дуюм моро таҳдид мекард. Шогирдони мо бисёр фаъолияти хуб нишон доданд. Чи дар хатти дифоъ ва чи дар хатти нимдифоъ таҳдидҳои рақибонро рафъ мекарданд ва то анҷоми вақти асосӣ ҳисоб 1-1 монд.
— Тақдири бозиро зарбаҳои 11-метра ҳал кард. Чаро дарвозабон Шаҳром Исмоиловро ба ҷойи легионер Куайе Годсон вориди майдон кардед?
— Дар ин бозӣ бо машварати ёвари худ Меҳроб Заҳурбеков чанд тағйироти тактикӣ анҷом додем, ки натиҷаи хуб доданд. Аз ҷумла иваз кардани дарвозабонҳо дар силсилазарбаҳои 11-метра пешниҳоди Меҳроб буд. Ӯ бовар дошт, ки Шаҳром ба даста кӯмаки худро мерасонад. Ва хушбахтона Шаҳром ҳунари худро нишон дод ва 2 зарбаи 11-метраро баргардонд.
— Ташаккури зиёд Аслиддин Ҳабибуллоев барои сӯҳбат. Ба дастаи “Хатлон” дар бозиҳои Ҷом ва чемпионати Тоҷикистон барор мехоҳем.
— Сипосгузорам. Дар охир мехоҳам миннатдории худро ба шогирдонам баён намоям, ки дар ин бозии душвор ҳар вазифае, ки дар наздашон гузошта будем бо хубӣ иҷро карданд. Баъди чунин натиҷаи мусбат дар Ҷоми ЛФТ моро мебояд омодагии худро ба мавсими нави чемпионати Тоҷикистон пурзуртар намоем. Бори дигар ғалабаро ба тамоми мухлисон табрик мекунам.