Ҷаҳонгир Маҷидов – ғолиби чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо

Ҷаҳонгир Маҷидов – ғолиби чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо
Подписаться на

Дар нерусанҷии нимниҳоии вазни 90 килограм Улуғбек Раҳимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов ду ҷудокори машҳури кишвар ба майдон баромаданд.

ДУШАНБЕ, ноябр – SPORTS.tj. Дар нимаҳои ватқи дода шуда, Ҷаҳонгир Маҷидов тавонист Улуғбекро ба тахтаи пушт зада роҳхати рақобати даври ниҳоиро ба даст овард. Сипас Саидҷамол Алимардонов бо Комрон Карликов барои баромадан ба финали вазни 90 килограмм неру санҷиданд.

Дар дақиқаи оғозини рақобат Саидҷамол Алимардонов бо иҷрои усуле зебо ҳарифро ба замин галтонд аммо чанде пас Комрон Карликов усуле боз ҳам зеботар анҷом дода соҳиби имтиёзи “иппон” шуда дар рақобати ниҳоии вазни 90 килограм бо Ҷаҳонгир Маҷидов даст ба гиребон шуд. Дар ин қуваозмоӣ Ҷаҳонгир Маҷидов пирӯз шуда, унвони қаҳрамони Тоҷикистонро дар вазни -90 кг соҳиб гардид.

Вазни 73 кг

1.Муҳаммадшариф НАҶМИДДИНОВ

2.Қоим ШУКРОНОВ

3. Муҳаммадиқбол ТОШЕВ

3. Алӣ БОҚИЕВ

Вазни 81 кг

1. Ҳақназар НАЗАРОВ

2. Оламафрӯз АБДУРАҲМОНОВ

3. Ҳамроз РАҶАБОВ

3. Умар РАСУЛОВ

Вазни 90 кг

1.Ҷаҳонгир МАҶИДОВ

2. Комрон КАРЛИКОВ

3. Сабрулло ҲИКМАТУЛЛОЕВ

3. Исроил РАҲИМОВ

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!