Варзишгарони тоҷик дар ЧҶ-2021 ширкат мекунанд

Варзишгарони тоҷик дар ЧҶ-2021 ширкат мекунанд
Подписаться на

Аз 24 октябр то 6 ноябри соли равон дар шаҳри Белгради Сербия чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, октябр – SPORTS.tj. Тибқи иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) дар чемпионат 650 варзишгар аз 105 давлати дунё ширкат мекунанд, ки бесобиқа аст.

Ҷумҳурии моро дар 11-ум чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

1. Абдураҳмон ЁҚУБОВ (60 кг)

2. Баҳодур УСМОНОВ (63.5 кг)

3. Саидикром АМОНОВ (67 кг)

4. Абдумалик БОЛТАЕВ (75 кг)

5. Шаббос НЕГМАТУЛЛОЕВ (80 кг)

6. Парвиз КАРИМОВ (92 кг)

7. Ҷаҳон ҚУРБОНОВ (+92 кг)

Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов сабқатҳои ҷаҳониро ҳакамӣ менамояд.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!