Умар Расулов – ғолиби Ҷоми Президент дар вазни 81 кг

Умар Расулов – ғолиби Ҷоми Президент дар вазни 81 кг
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Душанбе идома меёбад, бо пирӯзии ҷудокори тоҷик Умар Расулов (81 кг) ба поён расид.

ДУШАНБЕ, октябр – SPORTS.tj. Умар, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм муқобили варзишгари дигари Тоҷикистон – Мансур Мирзоализода оғоз кард. Пас аз гузашти 30 сония Расулов рақибро бо усули “cэои нагэ” шикаст дод ва ба даври сеюм баромад.

Дар даври сеюм бар Наврӯз Каримзод (Тоҷикистон) бо иҷрои усули “ҳиза гурума” дастболо шуд. Дар чорякниҳоӣ Умар  бо ҷудокори тоҷиктабори Русия – Шодмон Ризоев рӯ ба рӯ шуд. Қувваозмоии ҷудокорон ҷолибу дидани сурат гирифта, варзишгари тоҷик бо касби ду имтиёзи “ваза-ари” пирӯз шуд.

Дар даври нимниҳоӣ дар «голден скор» Хусрав Аламовро (Тоҷикистон) бо иҷрои зиддиусуле мағлуб кард ва ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар мубориза барои нишони тиллои мусобиқа бар Қаҳрамони Осиё миёни ҷавонон-2017 – Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон) дастболо шуд ва соҳиби 8-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Шодмон Ризоев ва Хусрав Аламов сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Хотиррасон мекунем, ки барои ҷойи 1-ум 30 000 сомонӣ, ҷойи 2-юм – 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои 3-юм 5000-сомонӣ муқаррар шудааст.

Натиҷаҳои ниҳоии 81 кг:

1. Умар РАСУЛОВ (TJK)

2. Раҳматулло ФАРҲОДОВ (TJK)

3. Шодмон РИЗОЕВ (RUS)

3. Хусрав АЛАМОВ (TJK)

5. Ҳамроз РАҶАБОВ (TJK)

5. Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ (TJK)

Поделиться ссылкой:


Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!