Ҷудочиёни ҷавони тоҷик дар чемпионати Осиё ширкат мекунанд

Ҷудочиёни ҷавони тоҷик дар чемпионати Осиё ширкат мекунанд
Подписаться на

Дар шаҳри Бейрути Лубнон 2-5 декабр чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он ҷудочиёни тоҷик низ ширкат мекунанд.

ДУШАНБЕ, ноябр – SPORTS.tj. Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар чемпионат миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар чемпионат миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлати қора ширкат мекунанд.

Аз ҷумҳурии мо ба мусобиқаи наврасон 7 нафар (6 писар, як духтар) ва ба мусобиқаи ҷавонон 9 нафар писар сафарбар гардиданд. Қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-3 декабр ва миёни ҷавонон 4-5 декабр доир мегарданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни наврасон ҷиҳати иштирок дар чемпионати Осиё/Уқёнус-2021:

50 кг – Ҷасур ЛУТФИШОЕВ

52 кг – Меҳрона МАҲМАДЗОДА

60 кг – Сируш ЭРКАЕВ

66 кг – Муҳаммад ЮСУФЗОДА

73 кг – Сунатулло МУСОЕВ

90 кг – Сомонӣ КИШВАРОВ

+90 кг – Парвиз АБДУРАҲМОНОВ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни ҷавонон ҷиҳати иштирок дар чемпионати Осиё/Уқёнус-2021:

66 кг – Хурсандқул КУГАНОВ

66 кг – Абубакр ШЕРОВ

73 кг – Муҳаммадиқбол ТОШОВ

73 кг – Масъуди АҲМАДЗОД

81 кг – Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ

81 кг – Шодмон РИЗОЕВ

81 кг – Раҳматулло МИРЗОЕВ

100 кг – Мансур РАҲМОН

+100 кг – Давлатҷон НАЗРИЕВ

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!