ТВ “Варзиш” – инъикосгари асосии муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии Тоҷикистону ҷаҳон

ТВ “Варзиш” – инъикосгари асосии муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии Тоҷикистону ҷаҳон
Подписаться на

Дар аввалин рӯзи фарорасии фасли баҳор ҷомеаи кишвар ҳарчанд, ки истиқбол аз мавсиму сабзишу шукуфтанҳо дошт ва ҷашнҳои баҳорӣ ҳам пайваста аз тантанаи ҳамешагии хеш вонамуд мекарданд, инъикосгари асосии муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии Тоҷикистону ҷаҳон  аз ҳафтсолагӣ ҷашн мегирифт. Инҷо албатта, ки гап сари телевизиони “Варзиш” меравад.

ДУШАНБЕ, апрел – SPORTS.tj. Шаш соли аввали кори ТВ “Варзиш” чӣ камбудиву костагиҳо, чӣ сабзиданҳову рӯиданҳо, чӣ дастоварду комёбиҳое, ки дошт аллакай паси сар гардид ва дар остонаи ба синни ҳафтсолагӣ расидани яке аз маҳбубтарин телевизионҳои ватанӣ месазад,   ба таърихи он назар афканем.

Чаро асоси таъсисёбии ТВ “Варзиш”-ро ба соли 2010 рабт медиҳанд?

20-уми декабри соли 2010 дар ҳаёти варзишии кишвар воқеаи фараҳманде падидор гардид, ки он бо ҳарфҳои заррин дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт хоҳад ёфт. Дар мавриди ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарогири таърихи пайдоиши телевизиони аввалини варзишӣ роҳбарияти ТВ “Варзиш” ба таври алоҳидагӣ қайд карданд.

Директори Муассисаи давлатии ТВ “Варзиш” Нориён Парвиз:

– Асоси таъсисёбии ТВ “Варзиш”-ро метавон ба соли 2010 рабт дод, зеро ҳамон сол Пешвои муаззами миллат, президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии худ бо варзишкорони кишвар қайд намуда буданд, ки дар фазои иттилоотӣ ва варзишии кишвар як телевизиони варзишӣ намерасад ва ҳамон сол дастур дода буданд, ки Ҳукумат ва масъулин вобаста ба таъсиси ТВ “Варзиш” корро оғоз намоянд.

Маҳз ҳамон вохӯрии Сарвари давлат боиси он гардид, ки 25-уми сентбяри соли 2015 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 586 дар бораи таъсисёбии Муассисаи  давлатии ТВ “Варзиш” ба тасвиб расид.

Ҳамин тариқ тибқи қарори мазкур санаи 1-уми марти соли 2016   ТВ “Варзиш” аз ҷониби Сарвари давлат расман кушода шуд ва ба фаъолият оғоз кард. Телевизионе, ки ҳадафи асосии он – тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар кишвар мебошад.

Аслан агар ба самтҳои асосии фаъолияти Телевизиони “Варзиш” нафар афканем, телевизиони мазкур – чун муассисаи давлатии тарғибкунандаи варзиш ва тарзи ҳаёти солим (ба истиснои ТВ “Футбол”)  ягона шабакаи телевизионии варзишиест, ки  муҳимтарин чорабиниҳои варзишии дохилӣ ва хориҷии ҷаҳонро манзури тамошобинон менамояд.

Дар баробари пахши мустақими ҷолибтарин бозиҳои лигаҳои маъруфи аврупоӣ бо иштироки маъруфтарин чеҳраҳои футболӣ ҳамчунин ТВ “Варзиш” навидҳои ҳамаррӯзаи саршор аз муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии Тоҷикистону ҷаҳонро манзури тамошобинон намуда, барномаҳои таҳлиливу фароғатӣ, филмҳои мустанад ва очеркҳои телевизионӣ экранҳои ин телевизиони  миллии варзиширо зеб медиҳанд. 

Ҳайати эҷодӣ ва техникии ҷавони ин шабакаи телевизионӣ, ки ҳамқадами замон аст, кӯшиш мекунад, ки ба бинандагони хеш манзур намудани маводҳои ҷолибтарину диданибоб  ва матлабҳои таҳлилии мавзӯи рӯзро таъмин намояд.

Фаъолияти кории ТВ “Варзиш” чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Барои равшантар фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти кории телеизиони варзишии ватанӣ метавон гуфт, ки корҳои эҷодии ТВ “Варзиш” тариқи заҳмати журналистону муҳаррирони чор идораи эҷодӣ- Идораи барномаҳои иттилоотӣ, Идораи барномаҳои таҳлилӣ, Идораи филмҳои видеоӣ ва дубляж ва Идораи гузоришҳо ва пахши мустақим роҳандозӣ гардида, бар замми идораҳои номбурда ҳамчунин идораҳои махсуси иборат аз мутахассисони техникӣ низ фаъолият мебаранд, ки аз наворбардорону коргардонҳо, кормандони студияи сайёри телевизионӣ, муҳандисону ва дигар кормандони техникӣ иборат мебошанд.

Дар мавриди корҳои техникӣ ва корномаҳои қаҳрамонони паси кадр коргардони ТВ “Варзиш” Султонмамад Барзудиев чунин илова мекунад:

– Мо медонем, ки дилхоҳ мусобиқаро гузаронида метавонем. Замоне, ки бори нахуст сари дастгоҳ мешинӣ (дастгоҳи сабкуниро дар назар дорад)  туро андаке эҳсосот фаро мегирад, вале баъди чанд дақиқа он эҳсосот берун  мешавад ва муҳим нест, ки чӣ мусобиқа доир шуда истодааст аллакай фаҳмиши идомадиҳии кор ва интихоби дурусти кадрҳои видеоӣ дар майнаи сар аллакай вуҷуд дорад. 

Ҳадафи аслии таҳияи барномаҳои пурмазмун тариқи жанрҳои мухталифи телевизионӣ аслан тарғиби тарзи ҳаёти солим ва омммавигардонии варзиш буда, барномаҳои муаллифе чун “Инъикос”, “Як гузориш”, “Ҳафтаи варзиш” ва “Самт” пайваста муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии  Тоҷикистонро инъикос ва таҳлил  мекунанд.

Муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои таҳлилии ТВ “Варзиш” Сорбон Мисаев:

– Аз солҳои нахусти таъсиси ТВ “Варзиш” дар радифи таҳияи барномаҳои очеркӣ ва хабарӣ зарур омад, ки таҳияи барномаҳои таҳлилие ба мисоли “Инъикос” ҳам роҳандозӣ шавад, то масъалаҳои мубрами фазои варзиширо фарогир шавем. Маҳз самараи аслии кори мо дар таҳияи барномаҳои таҳлилӣ буд, ки бархе аз мушкилоти варзишӣ роҳи ҳалли хешро пайдо намуданд.

Ин ҳам шурӯъ аз таъмиру тармим гардидани толорҳои варзишӣ ва бештар гардидани ҳисси масъулият аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои мухталифи варзишӣ мебошад.

Дар ин радиф барномаҳои таҳлили “Еврогол” ва “Сайёраи варзиш” барномаҳое мебошанд, ки бештар ба таҳлили муҳимтарин чорабиниҳои варзишии сатҳи фароқоравӣ пойбанд буда, дар ин росто пайваста бо даъвати коршиносони соҳаҳои мухталифи варзишӣ кори худро ба роҳ мемонанд.

Муҳаррири Идораи гузоришҳои ва пахши мустақим Маҳмадаминов Парвиз:

– Дар доираи барномаи “Еврогол”, ки аслан фарогири таҳлили бозиҳои муҳимтарини топ-панҷ чемпионатҳои Аврупо мебошад, мо таҳлилҳоро аз ПЛА шуруъ намуда, ҳар кадоме аз чемпионатҳоро аз қисмати шимолии Аврупо сар карда то ҷануб дар давоми то 7 дақиқа таҳлилу баррасӣ мекунем.

Ҳамзамон сухан сари таҳлилҳои нишондодҳои рекордӣ, бозиҳои ҷолиби чемпионатҳои дигар, беҳтарин бозии ҳафта, чеҳраи ҳафта, муаллифи ҳайати рамзии ҳафта аз нигоҳи сомонаҳои мӯътабари варзишӣ ва беҳтарин голҳои ҳафта  (аз ҳар як чемпионат як тогӣ гол интихоб карда мешавад) хотима дода мешавад.

Барномаи мазкур, ки аслан 40-45 дақиқаро дар бар мегирад бо иштироки коршиносони футбол дар студияи марказии телевизион тариқи пахши мустақим ҳафтае як маротиба манзури тамошобинон мегардад.

Ҳамзамон Шабакаи телевизионӣ ҳуқуқи пахши як қатор чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ба мисоли Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар соли 2016, чемпионатҳои қоравӣ ва чепионатҳои миллии футболӣ ба мисоли  Премер-лигаи Англия,  Ла Лигаи испанӣ, Лигаи чемпионҳои УЕФА-ро ба даст овардааст.

Маҳз дар ин самт заҳмати шореҳони телевизиони “Варзиш” басо бузург аст, ки дар масири таърихи на чандон тӯлонии таъсисёбии телевизион тавонистаанд, ки  нозукиҳои аслии касби хешро омӯхта, бо забони ноби тоҷикӣ ба шарҳи муҳимтарину маъруфтарин чемпионатҳои варзишӣ бипардозанд.

Ба таври махсус бояд қайд намуд, ки Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар Қатар аз зумраи он бузургтарин чорабиниҳои варзишие гардид, ки ТВ “Варзиш”пахши ҳамаи 64 бозиҳои онро ба сифати   HD ва шарҳи тоҷикӣ манзури бинандагони хеш намуд. Дар баробари шарҳ додани бозиҳои мундиали ҷаҳонӣ   шореҳои ҳамчунин барномаҳои махсуси таҳлилӣ низ атрофи баромади дастаҳои иштирокчӣ манзури тамошобинон менамуданд.

Шореҳи маъруфи варзишӣ Бобо Холмуродзода аз кори онвақтаи хеш чунин ёдоварӣ мекунад:

– Мушкили ягона ин буд, ки мо натавонистем як мутахассис ё мураббии хуби кишварро, ки донандаи хуби забони тоҷикӣ аст, ба барнома ҷалб кунем. Ин як мушкили  хело калон буд, аммо гурӯҳи хурдакаки шореҳон, умуман кормандони шабакаи “Варзиш” тавонистем дар ҳамин барнома иштирок кунем ва ба назари ман то як андоза тавонистем ҳолати бинандаро бо маълумотҳои ҷолиб  хубтар кунем. 

Аммо дар радифи ҷанбаҳои мусбӣ ва комёбиҳои кори ин телевизиони ҷавони варзишӣ ҳамчунин бояд аз мушкилоти соҳавӣ дар самти таҳлили проблемаҳои соҳавӣ ҳам ҳарф зад, ки на ҳама вақт ба рӯзноманигорон имкон даст меояд, ки то ба пуррагӣ ва шаффофияти хосса ба таҳлили мушкилоти “доғи рӯз” дар самти варзиш бипардозанд.

Дар навъи мавзӯъҳои варзишии берун аз кишвар агар мушкил танҳо дар наёфтани коршиносони намудҳои варзиши зимистонӣ бошад, дар варзишҳои дохилӣ бошад таҳлили мушкилоти варзишӣ монеаи кор шуда метавонад.

Муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои таҳлилӣ Сорбон Мисаев:

– Агар ҳангоми таҳияи барномаҳои таҳлилӣ ба таърихи чунин  мушкилот сухан кунем, пештар аз ҳама метавон гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо вазифаҳои муайяни самти варзишро шахсони тасодуфие ишғол кардаанд, ки вақти таҳлилу баррасии мушкилот аз нигоҳи касбӣ ба умқи масъала расида наметавонанд ва ин барои таҳлили воқеии вазъ мушкил эҷод мекунанд.

Ҷанбаи дигари аз ҳама муҳимтарине, ки ҳангоми таҳлили мушкилоти варзишӣ садди роҳи кори пурсамари касбӣ мегардад, бемуҳобо мушкилоти молиявии федератсияҳои гуногуни варзишиӣ аст. Набуди сарпараст албатта монеа пешрафти кори худи ниҳодҳои варзишӣ мегардад, вале бадтар аз ҳама он аст, ки маҳз ҳангоми таҳлилу баррасии ин мушкилоти ҷойдошта худи масъулони ниҳодҳои варзишӣ намегӯянд.

Дақиқтараш ин суханҳо на дар вақти мусоҳибаи телевизионӣ сурат мегиранд, балки ҳангоми сӯҳбатҳои паси наворҳои телевизионӣ идома меёбад. Бо чунин ранг гирифтани кор дақиқан рӯшан аст, ки бо вуҷуди факту далелҳо таҳлил намудани мушкилоти соҳа мо пайваста худ бархурдӣ мушкилоти касбӣ мешавем.

Аммо бо баргашт ба сухан сари намоиши намудҳои варзиши зимистонӣ метавон гуфт, ки  соли 2022 ТВ “Варзиш” тавонист, ки ба нахустин маротиба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Чинро бо забони тоҷикӣ манзури тамошобинон намуда, ҳамчунин ба аввалин бор рақобатҳои рақси рӯи яхро бонуе шореҳӣ намуд. Ин нафар Парвина Ашӯрзода буд, ки он вақтҳоро ба хуррамӣ ба ёд меорад.

– Парвина Албатта вақте, ки мегӯянд, ки ман аввалин бонуе ҳастам, ки шореҳи варзишӣ ҳастам, яъне, ки варзиши зимистонаро шореҳӣ кардам, бароям ин ҳисси ифтихор аст, чунки ҳар як журналист, ҳар як рӯзноманигор, бевосита вақте дар ҳамин соҳа фаъолият мекунад, мехоҳад аз худ чизеро боқӣ мегузорад, номи худ ё ки ба насли оянда чизе мемонад.

Ман низ мефахрам, ки аввалин бонуе гаштам, ки навъи варзиши зимистонаро шореҳӣ кардам ва кӯшиш мекунам, ки дар оянда ҳамин соҳаро бештар омӯзам.

Бар замми ин соли 2022 аз пурсамартарин соли эҷодии ТВ “Варзиш” буд ва рӯйдоди таърихии дигари телевизиони варзишӣ дар он аст, ки аввалин маротиба шарҳи бозиҳои футболӣ берун аз марзи кишвар аз худи варзишгоҳ амалӣ гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ моҳи июни соли 2022 дар Ҷоми Осиё (U-23) дар Тошканд сурат гирифт ва шореҳи он бозиҳо Гулрӯз Худоназарзода буд.

– Маснади шореҳии ман  албатта, ки ба ду қисм тақсим шуд, яъне оне, ки то ҳамин мусобиқа буд ва баъд аз он. Новобаста аз он, ки мунтахаби мо албатта, ки дар он мусобиқа натиҷаҳои он қадар бузург нишон надод, барои ман мусобиқаи бузургтарин буд. Ман як навъ ифтихор ҳам кардам, ки барои  ман имконият дода шуд, то нахустин нафаре шавам, ки ҳамин бозиҳоро берун аз варзишгоҳ ва аз макони баргузории мусобиқа пешниҳоди ҳамагон бигардонам.

ТВ “Варзиш” дар соли 2022 боз чӣ рӯйдодҳои варзиширо манзури тамошобинон намуд?

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо дар Тошканд аз зумраи он чорабиниҳои бузурги варзишие гардид, ки ТВ “Варзиш”  инъикос ва таҳлили он саҳми босазо гузошт ва ҳайати васеъи эҷодиву техникиро ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон-шаҳри Тошканд равон намуда буд.

Шореҳи ТВ “Варзиш” Каримхон Бегматов:

– Маротибаи аввал буд, ки дар соли 2022-юм ТВ “Варзиш” як ҳайати комили худро ба мусобиқоти ҷудои ҷаҳонӣ ба Тошканд фиристода буд ва маротиба аввал буд, ки аз онҷо мустақиман пайваста бо барномаи иттилоотии “Ахбор” дар иртибот будем. Дар баробари ин, ки бо барномаи “Ахбор” мустақиман хабарҳо ва ҷузъиётро дар миён мегузоштем, дар барномаҳои гуногуни таҳлилӣ ҳам ҷузъиётҳои хоссаи рақобатҳои ҷудои ҷаҳониро дар миён мегузоштем.

Хизматҳои ТВ “Варзиш” дар самти рушди гӯштини миллӣ чӣ хизматҳо кардааст?

Пахши пайвастаи рақобатҳои гӯштини миллӣ тариқи ТВ “Варзиш” на танҳо рафти мусобиқаро ба ҳамагон нишон медод, балки мавзӯҳои баҳсноки варзиширо низ маврид ҳаллу фасл қарор медод.

Котиби генералии Федератсияи “гӯштингирӣ” Абдулло Саидхоҷаев дар ин маврид пурратар гуфтанд:

– Мо тавонистем ҳар як баҳсе, ки дар сабқатҳо ба миён меомад  ба воситаи наворҳои такрорие,ки ТВ “Варзиш” тариқи мониторҳои калон ва хурд  бароямон таъмин намуданд, се-чор маротибагӣ тамошо намоем ва доварони мо тавонистанд аз камбудиҳо ва иштибоҳоти худ бохабар шаванд.  Ин бароямон имкон дод то камбудиҳо ва иштибоҳот сари вақт ислоҳ шаванд.

Бо чунин ранг гирифтани кор албатта метавон ба ояндаи нек нигарист

Агар ба нақшаҳои ояндасози кори ТВ “Варзиш” бингарем, бояд ишора намуд, ки пешниҳоди барномаҳои муаллифӣ аз нигоҳҳои муосир, шоу-барномаҳои рангину диданибоб, очеркҳои таассурбахш ва ҷалби шореҳон аз ҳисоби бонувон дар намудҳои варзиши олимпӣ аз қадамҳои аввалия мебошанд. Дар ин  баробар муҷаҳҳаз гардонидан бо шароитҳои муосири техникӣ низ аз ҳадафҳои дигарии аввалия мебошанд, ки бояд мавриди амал қарор дода шаванд.

Беҳтару босифатттар шудани барномаҳои телевизионӣ, рафъ гардидани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳамқадами замон будан дар асри иттилооттӣ худ  намунаи рушди ҳар як телевизион мебошанд, ки дар оянда метавонанд сафи тамошобинони онро боз ҳам бештар намоянд.

Роҳбари МД ТВ “Варзиш” дар ин ҷода боварӣ нисбати кормандони хешро ҳеҷ вақт аз даст намедиҳад ва бо чунин суханон ин матлабро ҷамъбаст намуд.

– Кормандони ТВ “Варзиш” аз уҳдаи тамоми масъулиятҳо мебароянд ва барои ман онҳо қаҳрамонанд.

Телевизионе, ки тариқи экранҳои он барномаҳои пурмазмуне бо нигоҳҳои муосир манзури бинандагон гардида, мухлисон низ барномаҳои маҳбуби худро доранд. Телевизиони “Варзиш” минбаъд низ инъикоси бонуфузтарин мусобиқоти фароҷаҳониву дохилиро барои  бинандаи маҳбубаш тариқи заҳмату самараи кори артиши садоқатманди хеш амалӣ хоҳад кард. 

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!