Туҳфаи раиси вилояти Хатлон ба дастаи «Равшан»

Туҳфаи раиси вилояти Хатлон ба дастаи «Равшан»
Подписаться на

Дар соли оянда даста дар Лигаи олии кишвар ва Кубоки конфедератсияи футболи Осиё иштирок мекунад.

ДУШАНБЕ, ноябр – SPORTS.tj. Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб маросими қадрдонии ҳайати дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, ҳайати дастаи “Равшан”, варзишгарон ва мухлисони даста баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ ба ҳайати дастаи “Равшан”, дар маҷмуъ ба 25 нафар 37500 сомонӣ, яъне ба ҳар як бозингар 1500 сомонӣ ва Сипосномаи раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода тақдим карда шуд.

Мавризи зикр аст, ки дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо маҳорату малака ва таҷрибаи худ имсол соҳиби ду ҷоиза – ғолиби Ҷоми Тоҷикистон ва барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум гардид. Дар соли оянда даста дар Лигаи олии кишвар ва Кубоки конфедератсияи футболи Осиё иштирок мекунад. (ФФХ)

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!