Томас Бах: «Варзишгарон метавонанд орзуи олимпии худро дар Токио амалӣ кунанд»

Томас Бах: «Варзишгарон метавонанд орзуи олимпии худро дар Токио амалӣ кунанд»
Подписаться на

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах ба роҳбарони дастаҳо дар Токио-2020 итминон дод, ки варзишгаронашон метавонанд “орзуи олимпӣ”-и худро соли оянда амалӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, октябр – SPORTS.tj. Зимни баромадаш дар ҷаласаи онлайнии роҳбарои дастаҳо дар Токио-2020, Томас Бах ваъдад дод, ки ташкилот “бо тамоми имконот фаъолият дорад, то бозиҳоро ба давраи баъд аз коронавирус мутобиқ созад”.

Дар такя ба изҳороти қаблии роҳбарони баландпояи КБО ва Токио-2020 дар мавриди он ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ новобаста ба пандемияи коронавирус баргузор мешавад, Томас Бах ба ин паём бори дигар оҳанги хушбинона дод. Вай гуфт, силсилаи тадбирҳои муҳофизатӣ, ки барои Токио-2020 коркард мешаванд, ба КБО ва ташкилкунандагон имкон медиҳанд, ки ба Бозиҳои олимпии бехатар омода шаванд, дар ҳамр шароите, ки ҷаҳон дар соли 2021 хоҳад буд. 

Президенти Токио-2020 Ёширо Морӣ низ зимни муроҷиати видеоӣ гуфт, тасмимҳои кам кардани хароҷот, ки ташкилкунандагон роҳандозӣ мекунанд, ба ҳама дахл дорад. Ташкилкунандагон ҳафтаи гузашта иброз намуда буданд, ки ба хотири кам кардани хароҷот тадбирҳои гуногун амалӣ карда хоҳад шуд, аз ҷумла бо ихтисори шахсони расмӣ дар бозиҳо аз 10 то 15 дарсад ва барҳам додани маросимҳои қабул дар деҳаи олимпӣ қабл аз маросими кушодашавӣ то 280 миллион доллари ИМА сарфа хоҳад шуд.

Президенти Токио-2020 гуфт, ки кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар санаи 23-юми июли соли оянда “лаҳзаи ҳамдилӣ ва иттиҳод хоҳад буд, ки инсоният қаблан инро таҷриба накардааст”. (КМОТ)

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!