Тоҷикистон: омори даври 2-ум

Тоҷикистон: омори даври 2-ум
Подписаться на

Даври дуюми чемпионати Тоҷикистон ба анҷом расид ва вақти он расидааст, ки оиди омор гап занем.

Гол

Дар ин давр 8 гол ба самар расонида шуд, ки ба ҳисоби миёна 2 голи ба як бозӣ рост меояд. Дар даври якум теъдоди голҳо  14 адад буд.

Корти зард

Аз ҳисоби корти зард бошад, дар ин давр доварон 21 маротиба нишон доданд. Аз ҳама бештар ба бозингарони Регар-ТадАЗ корти зард нишон дода шуд – 4. Дар даври якум 22 адад корти зард буд.

Корти сурх

0 корти сурх. Дар даври якум 2 адад футболбозони Хуҷанд корти сурх гирифта буданд.

Пеналти

Ҳамагӣ 1 пеналти таин карда шуд, ки инро ҳам бошад Санҷар Рихсибоев аз Эсхата  ба самар расонид. Дар даври аввал ҳам 1 пеналти нишон дода шуда буд. Мбеке Сиябатчу Деудони аз Истаравшан ҳам аз иҷрои пеналти баромада буд.

Мухлисон

Шумораи умумии мухлисон дар 4 бозӣ, ба 17800 нафар расид, ки аз ҳама бештар мухлисон дар бозии Истаравшан – Хатлон ҷамъ омаданд – 10000. Дар даври аввал дар умум 5800 мухлис ба варзишгоҳҳо даромада буд.

Автогол

Дар даври дуюм 1 автогол ба қайд гирифта шуд. Манучеҳр Ахмедов аз Равшани Зафаробод дар бозӣ зидди Хуҷанд ба дарвозаи худ гол зад. Дар даври якум чунин амал дида нашуда буд.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!