Таэквондочиёни тоҷик дар намангон 26 медал ба даст оварданд

Таэквондочиёни тоҷик дар намангон 26 медал ба даст оварданд
Подписаться на

Дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон 2-юм мусобиқаи кушоди вилояти Намангон оид ба таэквон-до (WT) доир шуд.

ДУШАНБЕ, ноябр – SPORTS.tj. Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон, намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Мусобиқа миёни кӯдакони соли таваллудашон 2013-2014, 2008-2010, наврасони соли таваллудашон 2005-2007 ва калонсолон сурат гирифт. Шумораи иштирокчиён 2300 нафарро ташкил дод. Аз ҷумҳурии мо 61 нафар – 46 писар, 15 духтар – ба Намангон сафарбар гардиданд ва 26 медал ба даст оварданд.

Медалҳои тиллоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 80 кг, Муниса Ойматова дар вазни 49 кг, Рӯзигул Саидова дар вазни +73 кг ба даст оварданд. Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни 63 кг, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 74 кг, Мунира Абдусаломова дар вазни +73 кг сазовори медалҳои нуқра ва Абумуталиб Мирзоев дар вазни 54 кг, Нуралишо Солиҳов дар вазни 63 кг ва Руқия Алиаҳмадова дар вазни 53 кг сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Азимҷон Абдуллоев, Исмоил Исроилзода бо медали тилло, Анвар Аҳмадзода, Ёқубҷон Маҳмадёров, Қобилҷон Маҳмадёров, Руҳангез Аҳмадова, Самад Амиршоев бо медали нуқра, Осиямоҳ Солиҳова, Меҳрнигор Шарипова, Нурина Алиназарова, Билол Зокиров, Собит Негматов, Абубакр Каримов, Муҳаммад Шарипов, София Негматова, Ясмина Тоирова, Сиёвуш Нозимов бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Ҳамчунин, намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов беҳтарин варзишгари мусобиқа ва Далер Фозилов беҳтарин мураббӣ дониста шуданд.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!