Sports.tj – аз бурду бохти соли 2021 дар футболи тоҷик

Sports.tj – аз бурду бохти соли 2021 дар футболи тоҷик
Подписаться на

Sports.tj аз бурду бохти соли 2021 дар футболи тоҷик ҳарф хоҳад зад.

ДЕБЮТИ сол

БОЗӢ бо дастаи Муғулистон дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 байни мухлисон нақш хоҳад баст.

26 март Месси тоҷик Алиҷони Айнӣ аввалин бозии худро дар мунтахаби асосии кишвар анҷом дод. Маҳз ҳамин дебютро мо ДЕБЮТИ сол ном хоҳем буд.

АФСӮСИ сол

Агар ба соли 2021 нигарем, афсусҳое бисер буданд, вале аз ҳама асоситарин – гол сар додани Истиқлол дар дақиқаҳои охир аз тими Персеполис дар доираи даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё мебошад.

Новобаста аз ин Истиқлол дар ЛЧ арзанда баромад намуд. Чун Персеполис тими пуркувватест, Истиқлол тавонист, ки то дақиқаҳои охир тури худро аз гол эмин нигоҳ дорад, вале…

ОВОЗАИ сол

Овозаҳо дар ҳар давру замон, дар ҳар коре буду ҳаст ва футбол аз истисно дур нест. Овозаҳои гуногун ҳар рӯз аз тарафи мухлисону ҳаводорони футбол пайдо мешаваду боз баъд аз чанде хомӯш мешавад.

Яке аз овозаҳои беҳтарини сол ин буд, ки моҳи январ Тенерифе-и Испания, ки дар Сегунда баромад менамояд, ба футболбози тоҷик Далер Ёдгоров чашм ало карда буд. Ин ба ҳақиқат наздик буд, вале чун трансфер амалӣ на гардид, ҳамчун овоза боқӣ монд

БОЗГАШТИ сол

Бечунучаро БОЗГАШТИ солро БОЗГАШТИ Регар ТадАЗ ба лигаи олӣ ном мебарам. Чун даста дар як сол тавонист, ки тамоми қувваашро сарф кунаду боз лигаи олӣ барояд.

7 карата чемпиони Тоҷикистон, ки ҳоло дар “дасти” Алишер Додов аст, соли оянда кӯшиш менамояд, ки ба яке аз ҷойҳои ифтихорӣ мубориза барад

ТРАНСФЕРИ сол

Чун ҳарвақта дар соли 2021 ҳам гузаришҳо хеле ЗИЁД буданд. Асосан гузаришҳои футболбозони мо ба таври ройгон сурат мегирад, чунки дастаҳо ҳамагӣ ба нимсолу яксол футболбозонро шартнома мекунанд.

Акнун оиди трансфери сол мегӯем. Аввалин маротиба тими Персеполис тавонист, ки ба футболи тоҷик таваҷҷуҳ кунад. Якбора ду футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаровро тавонист, ки ба ҳайати худ дохил кунад. Албатта, дар аввал футболбозони мо ба таври расмӣ қабул нашуданд, вале ҳоло расман футболбозони Персеполис ҳастанд, ки бечунучаро инҳоро ТРАНСФЕРҲОИ сол номидан мумкин аст.

ҒАЛАБАИ сол

Бечунучаро вақте, ки гап сари ғалабаи сол меравад, пеши назар бозии хуби Истиқлол дар ЛЧ-и Осиё меравад. Онҷо Истиқлол тавонист, ки дар таърихи кишвар бори аввал баромад Тоҷикистонро намояндагӣ кунад.

Вақте, ки ЛЧ оғоз гардид, хейтерҳои футболи мамлакат аз мағлубиятҳои бузурги Истиқлол пешгуи менамуданд, вале Истиқлол исбот намуд, ки онҷо бо тайерии хуб рафтааст. Дар даври гуруҳӣ тавонист, ки Ал Ҳилоли Саудиро (баъдан Ал Ҳилол соҳиби Ҷоми ЛЧ гардид) бо натиҷаи калони 4:1 шикаст диҳад ва маҳз ин ғалабаро ғалабаи сол меномем.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!