Sports.tj — аз бурду бохти соли 2021 дар футболи тоҷик
Sports.tj аз бурду бохти соли 2021 дар футболи тоҷик ҳарф хоҳад зад.
РОҲХАТИ сол
Мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамчунин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон U-23 ягон маротибае нашудааст, ки ҳадди ақал ба чемпионати Осиё роҳхат гирифта бошанд, гарчанде, ки чанд маротибае хеле наздик шуда буданд.
Лек имсол мунтахаби Тоҷикистон U-23 тавонист, ки РОҲХАТИ чемпионати Осиё 2023 ро ба даст орад, ки ин дар таърихи кишвар бори аввал ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир мо ин роҳхатро РОҲХАТИ сол ном хоҳем бурд.
ТОРУМОРИ сол
Моҳи январ-феврали 2021 мунтахаби зери 17 солаҳои Тоҷикистон ҳангомае дар футбол ба бор овард. Онҳо тавонистанд, ки якояк ҳамаи ҳарифони дар пеш истодаи худро маглуб кунанд.
Хусусан охири моҳи январ дастаи мо тавонист, ки ҳамсолони худ аз Қазоқистонро бо натиҷаи 7:1 шикаст дод. Маҳз ҳамин ғалабаи бузургро мо ТОРУМОРИ сол ном бурдем.
PS: Оиди ғалабаи мунтахаби зери 17 солаҳои мо боз пости алоҳидае омода хоҳем кард.
ГОЛИ сол
Голҳо дар мавсими имсолаи футболи тоҷик, чи дар мунтахабу чи клубҳо хеле ЗИЁД буданд. Зебогии футбол худ дар гол аст. Голе, ки инҷо мо голи сол ном мебарем, Голе нест, ки зебо бошад, лекин аз голи зебо ҳам муҳим аст.
Бозии даври 5-ум даври гуруҳии ЛЧ-и Осиё байни Истиқлол — Ал Аҳли — и Аморат. Дақиқаи 90+6 рафта истода буд ҳисоб 0:0. Дар ҳамин ҳол Муҳаммадҷон Раҳимов ба Алишер Ҷалилов партофти хуб намуд ва капитани Истиқлол тавонист голи муҳиму таърихиро ба нишон расонад. Маҳз ҳамин гол сабаб шуд, ки Истиқлол аз гуруҳи худ аз мақоми аввал ба даври 1/8 финалӣ барояд.