Шоҳрух Маҳмудҳоҷиев чаро «Хуҷандро» интихоб намуд
Футболбози узбекистонии дастаи «Хуҷанд» Шоҳрух Маҳмудҳоҷиев аз дастаҳои Суперлигаи Узбекистон пешниҳод дошт, вале «Хуҷандро» интихоб намуд.
— Сабаби асосии интихоби ман — ин баромад намудан дар даври гуруҳии Ҷоми АФК 2022 аст.
Ба ман аз дастаҳои Суперлигаи Узбекистон пешниҳодҳо буданд, вале аз сабабе, ки «Хуҷанд» ба худ мақсади бузурге пеша кардааст, мехоҳам кумакаш кунам.
— Медонед, ки дастаи «Хуҷанд» ягон маротибае дар чемпионати Тоҷикистон пирӯз нашудааст?
— Бале ва маҳз ҳамин сол даста ба пеши худ мақсади чемпионшавиро мондааст.
— Дар мавсими имсола чанд гол ба самар расониданиед?
— «Хуҷанд» бароям пешниҳоди нав аст ва ягон маротиба дар чемпионати Тоҷикистон баромад накардаам, вале мехоҳам, ҳарчи бештар гол ба самар расонам ва ба даста кумак кунам.