Ширкати Сомон Маҳмадбеков дар Paris Grand Slam

Ширкати Сомон Маҳмадбеков дар Paris Grand Slam
Подписаться на

Имсол Paris Grand Slam 50-сола мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки таи ду рӯз (16-17 октябр) давом меёбад, Сомон Маҳмадбеков (73 кг) – узви тими миллии ҷудои кишвар, Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, октябр – SPORTS.tj. Дар мусобиқа иштироки 292 варзишгар (171 мард ва 121 зан) аз 48 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи аввалия, мусобиқа мебоист рӯзҳои 8 ва 9-уми майи соли 2021 баргузор гардад, аммо бо сабаби сари вақт пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои зарурии кумитаи тадорукоти Федератсияи ҷудои Фаронса ба Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF) ин ниҳоди танзимкунандаи мусобиқаҳо, ҳуқуқи барпо кардани Grand Slam ба шаҳри Қазони Русия доданд. Grand Slam Парижро бошад, ба моҳи октябр гузарониданд.

Барномаи баргузории мусобиқа:

15-уми октябр | ҷумъа

Қуръакашӣ

Оғоз: 17:00

Рӯзи 1 | 16-уми октябр | шанбе

Оғоз:

Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg, -63 kg;

Мардон: -60 kg, – 66 kg, -73 kg;

Рӯзи 2 | 17-уми октябр | якшанбе

Оғоз:

Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

Занон: -70 kg, -78 kg, +78 kg;

Мардон: -81 kg, -90 kg, -100 kg, +100 kg;

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!