Расул Боқиев: Кишварамон аз ҷиҳати варзиш хело қафо мондааст

Расул Боқиев: Кишварамон аз ҷиҳати варзиш хело қафо мондааст
Подписаться на

Мағз андар мағзи ҳар тоҷик хулқу хӯи гӯштингирӣ нуҳуфтааст. Танҳо шарорае лозим, то оташи шавқ бедор шавад.

ДУШАНБЕ, май – SPORTS.tj. Шавқу завқи Расул низ аз тақлид ба падари паҳлавонаш пайдо гардид ва ин шавқ ба пешае бадал гашту ҷаҳон бигрифт. Дар ин бора “Ҷавонон” хабар медиҳад.

– Ҳар гоҳе падари паҳлавонамро бо бародаронам паҳлуи ҳам медидам, ки машғули тамринанд, завқам дучанд меафзуд. Маҳз, ана ҳамон шӯру шавқи кӯдакӣ, ана ҳамон дастгириҳо ва роҳнамоиҳои падар маро ба ҷаҳон шиносонид, – зимни суҳбат иброз дошт Расул Боқиев.

Ҳоло аз кӯдаки шӯхи 7–сола то пири 70–сола Расул Боқиевро чун аввалин ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ мешиносанд. Ӯ дар оилаи варзишгарони номдори кишвар – Боқиевҳо ба дунё омадааст. Падари хонадон Худойназар Боқиев баробари Расул се фарзанди дигар – Алишеру Рустамро ҳам зери қаноташ мепарварид, ки дилбохтаи гӯштин буданд.

Дар аввал Худойназар Боқиев ба Рустам бовариву эътимоди бештар дошт, чун ӯ иштирокчии Бозиҳои олимпӣ ва чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини кураш буд. Аммо ҷароҳати бармаҳали даст Рус-тамро барвақт аз майдон дур кард. Расул пас аз канор рафтани бародар дар олами гӯштин ҳангомаи ҳақиқиро барпо кард.

Дар аввал мардум Расулро дар мусобиқаҳои дохилӣ ва ҷашну маъракаҳои наврӯзӣ мухлисӣ мекарданд. Соли 2005 Расул дар Чемпионати Осиё, ки мизбонияшро кишвари Ӯзбекистон ба уҳда дошт, иштирок намуда, сазовори медали биринҷӣ гашт.

– Аввалин маротибае, ки ман дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намудам, бар ҳарифам мағлуб шудам. Чун ҳарифам хело пурқувват буд. Он лаҳзаҳо ашк дар чашмонам ҷорӣ гашт, талх гиристам. Охир варзишгарони онҳо тамоман дар сатҳи дигаранд, мо дар сатҳи дигар.

Тарзи гӯштингирӣ, усулҳои партобашон хеле хуб буд. Баъд аз он дар пешам мақсад гузоштам, ки бояд аз онҳо беҳтар шаваму ғолиб бароям. Ва аз ҳамон рӯз пайваста тамрин менамудам, то ҳол, – изҳор дошт дар идомаи суҳбат Расул Боқиев.

Акнун муваффақият дар кишвар ва берун аз он ёру ёвари Расул буд. Соли 2007 дар Чемпионати ҷаҳон, дар Рио-де-Жанейро, ки баҳри ба даст овардани роҳхати олимпии Пекин-2008 баргузор гардид, Расул маҳорати воло нишон дода, сазовори медали биринҷӣ гардид.

Ба даст овардани нишони биринҷӣ дар Рио-де-Жанейро роҳи Расулро ҷониби Пекин ҳамвор намуд. Июли соли 2008, билохира он моҳу соли деринтизор барои Расул Боқиеви ташнаи нишони олимпӣ фаро расид.

– Он рӯзро бесаброна интизор будам, – нақл кард Расул. – Барои пирӯз шудан дар олимпиада тамрини пайваста доштам. Беҳтарин ҷудокорони ҷаҳонро тамошо мекардам. Усулҳояшонро меомӯхтам, то мақсадеро, ки дар пеш гузошта будам, бароварда кунам. Ҳузури гарми устодаму мухлисонам бароям қувват мебахшид. Ин буд, ки дастболо гардидам. Ва бо сари баланду рӯи сурх ба ватанам баргаштам.

Он рӯз дили мардуми тоҷик қабл аз ҳарвақта зиёд тапиш мехӯрд, чун Расул умеду армони мардум, майдон мебаромад. Нахустин рақибаш Эрик Кибанза аз ҷумҳурии демократии Конго маҳсуб меёфт. Рақобат байни варзишгарон оғоз гардид.

Расул бо дили пуру бозувони қавӣ ҳамларо оғоз намуд. Бисёр сабуронаву оромона рақобат мекард, чун аз нахуст даст ба гиребон шудан замон пай бурд, рақобат ба нафъи ӯст.

Дар даври дувуми рақобат Расулро дар майдон ҷудокори ботаҷрибаи украинӣ Геннадий Беладед интизор буд. Генадий яке аз серҷоизатарин варзишгари Украина маҳсуб меёфт, ки шурӯъ аз соли 2001 қариб дар тамоми мусобиқаҳо сазовори медал мегашт. Расул ҳам дар ин росто камӣ надошт ва барои ҷудокорони вазни то 73 кило шабеҳи устухоне дар гулӯ буд.

Рақобати Расул ва варзишгари украинӣ бисёр тезу тунд давом кард, аммо дар 4 дақиқаи вақти асосӣ ҳеҷ кадоме муваффақ нашуд, то ғолиб гардад. Ҳамин тавр, идомаи рақобат ба сонияҳои тиллоӣ гузаронида шуд. Дар дақиқаи 4-уми вақти иловагӣ Расул партоберо иҷро кард, ки то ба-дин давру замон дар олами ҷудо зеботарин партоб маҳсуб меёбад. Бо усули пуштнокӣ рақибро ҳаво дода, худ аз болои рақиб қарор гирифт.

Баъди анҷоми ин усул шояд баъзеҳо мегуфтанд: “Оҳ, Расул ҳалолат бод! Агар нишоне ҳам нагирӣ, ҳамин усул ҷавоби садҳо нишон аст”.

Пас аз мағлуб намудани варзишгари украинӣ Расул ба даври сеюм роҳ ёфт ва дар ин давр пешорӯи ӯ паҳлавони номдори Чин Ричигава Си қарор дошт. Ричигава аз тану туш нисбат ба Расул бартарӣ дошт, аммо ин ҷо ҷусса назди маҳорату таҷриба ба гунае об мехӯрд. Дар ин дидор ҳам Расули чолоку диловар аз ҳарифи хеш як сару гардан бартарӣ дошт. Ин боис гардид, Расул рақиби хешро мағлуб созад. Акнун Расул ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар давраи нимниҳоӣ рақиби Расул варзишгари кореягӣ Ванг Ки Чун маҳсуб меёфт. Расул дар ин давр нисбат ба даврҳои дигар хубу олӣ рақобат мекард, зеро медонист, то ба ғолибият ҳамагӣ як қадам мондаасту тамом. Ӯ рақибро ба гунае нафас кашидан намемонд ва ҳар дафъа Винг худро базӯр аз панҷа ӯ раҳо мекард. Расул ҳар замон фишорро бештар мекард, аммо довари вохӯрӣ аз чи бошад, ки бидуни ҳеҷ далоиле ба Расул огоҳӣ медод ва ҳамин огоҳиҳои беасос буд, ки Расули таҳамтан муборизаро барои медали тилло аз даст дод.

Акнун Расул танҳо имкони гирифтани медали биринҷиро дошт ва барои ба даст овардани ин мақом ӯро зарур буд, то Дик Ван Тихели Белгиягиро аз сари роҳ бардорад. Рақобат бо Дик Ван барои Расул гарон афтод, зеро нафари тасодуфӣ наметавонад, барои нишон мубориза барад ва бегумон маҳорату малакаи варзишагри белгиягӣ аз Расул камӣ надошт.

Дақиқаҳо хотима меёфтанд, таппиши дили миллионҳо тоҷик ба маротиб меафзуд. Ҳамагон умеди пирӯзӣ доштанд. То охири рақобат ҳамагӣ се сонияи дигар монда буд ва як партоби паҳлу ва аллакай Расул ҷоизадори олимпиада гардид.

Он лаҳзаҳои хотирмону фаро-мӯшношуданиро Расул ҳамеша ба хубӣ ёд мекунад:

– Вақте орзуҳои падару устоди худро бароварда ва мебинӣ, ки аз шиддати шодӣ ашк рехтаю мерақсанд, он вақт лаҳзаҳо хоҳу нохоҳ фаромӯшношуданист. Вақте гиряҳои модаратро мебинӣ, ки ашки шодӣ мерезад, он лаҳзаҳо ба ёд мемонад. Вақте Парчами кишварат байни садҳо кишвари дигар баланд бардошта мешаваду Суруди миллӣ садо медиҳад, он лаҳза аз хотира зудуда нахоҳад гашт. Он лаҳзаҳо ман боз ҳиссиёти устоду шогирдро эҳсос кардам. Самимӣ буданашро эҳсос кардам.

Пас аз он ки Расул бо нишони олимпӣ ба ватан баргашт, он рӯз Тоҷикистон ид дошт. Тамоми мухлисону ҳаводорони варзиш ба фурудгоҳи пойтахт омада, бо Расул акси хотиравӣ мегирифтанд.

Соли 2009 Расул Боқиев шаҳрвандии Русияро гирифт ва макони тамрину омодагии хешро он ҷо оғоз кард. Пас аз гирифтани шаҳрвандии Русия вай дар чемпионати Русия ширкат варзида, унвони чемпиониро ба даст овард. Қарор буд дар олимпиадаи Лондон аз ҳайати Русия баромад кунад, аммо бо тавофуқномаи ҳукумати Тоҷикистон аз номи кишвари худ баромад кард.

Дар Лондон бахт ба рӯи Расул нахандид ва танҳо ба ҷойи 7–ум қаноат кард. Шурӯъ аз соли 2011 Расул ба таври ҳамешагӣ ба Федератсияи Русия кӯч баст ва дар ҳоли ҳозир ӯ бо ҳамсару фарзандони хеш дар ин кишвар зиндагӣ ихтиёр кардааст.

Имрӯз Расули тоҷик дар мулки ғайр соҳибмактаб буда, зери дасташ садҳо хоҳишмандони гӯштин тамрин мекунанд. Боиси ифтихор аст, ки яке аз академияҳои бузурги гӯштини Русия бо номи як фарзонафарзанди тоҷик номгузорӣ шуда, ҷудокорони бомаҳоратро мепарварад.

Расул бар замми соҳибмактабу устоди бузург буданаш ҳеҷ гоҳ дасти кӯмаки хешро аз ҳамватанону ҳаммиллатонаш намеканад. Ӯ ҳамасола ба Тоҷикистон омада, дар ҷашну маросимҳои гӯштингирӣ иштирок мекунад.

– Ҳар мусобиқае, ки дар ҷашну маросимҳо дар кишвар гузаронида мешавад, моро даъват мекунанд, меоям. Ман ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бо ватанам – Тоҷикистон, бо миллатам ҳастам. Ҳар кӯмаке аз дастам ояд, барои ҳамватан дареғ намедорам.

Дари мо, мактаби мо ҳамеша барои варзишгарони ҳамватанамон боз аст. Соли 2015 мо дар Русия мактаби варзишии худро кушодем. Ва шуруъ аз он сол ба сифати мураббӣ фаъ-олият карда, шогирдони зиёд дорам, -гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки охирин баромади Расул Боқиев дар корномаи варзишияш соли 2015 дар як мусобиқаи шаҳри Москва сабт гардидааст. Ӯ дар ин рақобат дар вазни то 90 кило баромад намуда, дар даври ниҳоӣ паҳлавони номдори Русия Сергей Поповро мағлуб намуд ва охирин майдондории хешро бо гирифтани медали тилло хатм бахшид.

– Аз фаъолият, бурду бохти варзишиям ва варзишгарони кишварамон хулоса кардам, ки ба онҳо мураббиҳои хуб намерасанд. Агар устодат бо маҳорат бошад, агар мураббият сахтгиру дорои усулҳои хос бошад, метавон варзишгари хуб шуд. Агар ҳар мутахассис дар ҷои худ кор мекард, то ҳол хазинаи тиллои варзишии мо бо медалҳо боз ҳам пурратар мегардид.

Кишварамон аз ҷиҳати варзиш хело қафо мондааст. Махсусан, дар варзиши ҷудо дигаргунӣ нест. Варзишгарон ёфт мешаванд, аммо барои онҳо роҳбар, устоди ботаҷриба даркор. Дар кишвари мо мутахассис намерасад, – гуфт Расул Боқиев.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!