Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис ҷамъбаст шуд

Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис ҷамъбаст шуд
Подписаться на

Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, август – SPORTS.tj. Дар 11-ум мусобиқаи байналмилалии оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон 64 варзишгар аз давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Россия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шриланка, ИМА, Олмон ва Исроил иштирок карданд.

Дар сабқати инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия) пирӯз шуд. Ӯ дар финал бар Стефэн Сач аз Британияи Кабир ғалаба кард. Миёни духтарон бошад, Виктория Милованова (Россия) ғолиб шуд. Ҳамватанаш Валерия Ивановская ҷои дуюмро сазовор шуд.

Дар рақобати ҷуфти писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия) ҳамроҳи Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввалро гирифтанд.

Ҷуфти Саид Аброров ва Исмоил Харутдинов аз Узбекистон дуюм шуданд. Миёни духтарон ду ҷуфт аз Узбекистон – Муниса Ашурбекова / Мафтунабону Қаҳрамонова ҷои аввал, Алия Мусобекова / Оминахон Валихонова ҷои дуюмро сазовор гардиданд.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk
error: Content is protected !!