Ойбек Абдуғаффоров: Вақте аз ғалаба мухлисон хурсанданд, мо ҳам хурсандем

Ойбек Абдуғаффоров: Вақте аз ғалаба мухлисон хурсанданд, мо ҳам хурсандем
Подписаться на

Футболбози дастаи «Истравшан» Ойбек Абдуғаффоров оиди мавсими имсола, бозӣ бо «Файзканд» ва бозии пешомад бо «Хатлон» бо мо ҳамсӯҳбат шуд.

– Мавсими имсол нисбати солҳои гузашта фарқияти калоне дорад. Чун бештари дастаҳо дар як сатханд. Албатта, муддаии асосӣ – Истиқлол аст, вале бозии футбол пешгӯинашаванда аст. Аз бозиҳои даври аввал мо аллакай шоҳиди пешгӯинашаванда футбол дидем.

– «Файзканд» чи гуна даста буд ва чаро «Истаравшан» бо ҳисоби калон ғалаба ба даст овард?

– Ғалаба кардан дар ҳар як бозӣ ин мақсади асосии дастаи Истаравшан аст. Файзканд тими хуб аст, мураббии хориҷӣ дорад. Аввали мавсим ки аст, ҳоло якдигарфаҳмии даста баръало маълум шуд.

Мо, ки ҳисобро кушодем,  бозӣ ранги дигар гирифт. Файзканд мехост, ҳисобро баробар кунад ва аз сабабе, ки мавқеъҳои холиро мо ҳис кардем аз ин фурсат истифода намудем. Тими ҳариф ҳам ҳолатҳои хуб дошт, вале истифода карда натавонист.

– Бо чунин бозӣ «Истаравшан» ба кадом мақом мубориза хоҳад бурд?

– Нақшаи мо ин аст, ки ҳарчи болотар ҷадвали мусобиқот ҷой гирем. Барои мо хушбахтона ҳамаи шароитҳо фароҳам аст, футболбозони хуб дорем, мураббии хориҷӣ. Бояд дар ҳар як дидор аз аваал то охир мубориза бурд ва ғалаба намуд.

– Бозии оянда бо дастаи «Хатлон» аст…

– Хатлон, таърихан дастае аст, ки хуб баромад мекунад. Новобаста аз оне, ки даста бо кадом ҳайат ба майдон меояд, онҳо то охир мубориза мебаранд. Онҳо ҳам чун мо дар бозии аввал пирӯз гаштаанд ва мехоҳанд, ки боз ғалаба кунанд. Аз сабабе, ки мо дар хона бозӣ мекунем, мо  ба ғайр аз ғалаба дигар вариант надорем.

– Мухлисони бешумореро «Истаравшан» доро аст. Оиди онҳо чӣ гуфта метавонед?

– Футбол бо мухлисон зебо аст. Мухлисон ин бозингари 12-ум дар майдон ҳастанд. Ҳамин ҳоло Истаравшан нисбати мухлисони худ дар Тоҷикистон фахр мекунад ва ба ин андоза ба худ ҳамто надорад.

Наздики 15000 мухлис ба варзишгоҳ хоҳад омад. Мо барои онҳо ғалаба бояд кунем. Чун ғалаба аст, мухлисон хурсанданд ва аз хурсанди мухлисонамон мо рӯҳу илҳом мегирем. Мухлис, ки хурсанд бошад мо ҳам хурсандем.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!