Неймари тоҷик ба Фортунаи Олмон меравад

Неймари тоҷик ба Фортунаи Олмон меравад
Подписаться на

Ҷӯразода Ёқубҷон, футболбози 21 солаи тоҷик, ки ҳоло дар дастаи Академияи Алма-Атаи Қазоқистон дар лигаи дуюми ин кишвар баромад дорад, ба наздики ба санҷиши дастаи Фортуна Олмон хоҳад рафт.

– Тобистони соли гузашта, як дастаи 4-ум лигаи Олмон бароям пешниҳод равон намуда буд, то ки ба санҷиши даста равам. Аз сабабе, ки раводид ба даст оварда натавонистам, онҷо нарафтам. Раводидро баъд аз 3 моҳ ба ман ваъда карданд, вале аллакай дер мешуд.

Аз дастаи Академияи Алма-Атаи Қазоқистон, ки ҳоло дар дуюм Лига баромад дорад, пешниҳод гирифтам ва инҷо тамрин дорам. Аллакай якчанд бозиҳои дӯстона доир намудем ва ба наздики чемпионат оғоз хоҳад гашт.

– Чи хел шуд, ки шумо тавонистед аз Олмон пешниҳод гиред?

– Агенти ман, ки аз Қазоқистон аст, бароям пешниҳодҳо ёфта истодааст. Маҳз ӯ аз Фортунаи Олмон бароям дархост гирифт. Инчунин ба ғайр аз ин даста боз якчанд дастаҳои Олмон бароям дархост пешниҳод намудаанд, лек аввалиндараҷа ин Фортуна аст, ки бояд пас аз 2-3 моҳ онҷо шавем.

– Бо агент чи гуна шинос шудед?

– Тариқи инстаграм бо ӯ шиносоӣ пайдо намудам ва якчанд роликҳоямро барояш фиристодам.

– Ҳаққаш чи қадар будааст, он агентро?

– Ман танҳо аз Душанбе то ба шаҳри Нурсултон тариқи тайера бо маблағи худам омадаам, боқимонда ҳамаи маблағҳоро агент ба зиммааш гирифтааст. Маслиҳат намудем, ки пас аз шартнома намудан бо ягон дастаҳо, маблағи ӯро пардохт хоҳем кард.

– Дар Тоҷикистон дар кадом дастаҳо баромад намудаед?

– Дастаи Ёвон U-17, Истиқлол U-18, дастаи ҷавонони Душанбе-83 ва дар тими Моҳир дар лигаи якум баромад намудаам.

– Магар аз ягон дастаҳои лигаи олии кишвар дархост набуд?

– Мехоҳам, ки фаъолияти худро дар Аврупо ба роҳ монам, чунки футбол айни замон дар ин минтақа вуръати беандоза дорад.

– Магар аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон даъват шудед?

– Ҳоло не, бояд барои дар мунтахаб бозӣ кардан исбот кардан лозим аст. Ҳаракат мекунам, ки то узви мунтахаби Тоҷикистон шавам.

Шарҳи ҳол

Ҷӯразода Ёқубҷон Давлат, 2 майисоли 2001 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Мухлиси беандозаи Неймар аст ва тахаллуси Неймари тоҷикро ҳам дорад.

https://www.instagram.com/p/Cb-v3qvIzuF/
https://www.instagram.com/p/Cb-tZaxIziy/
Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!