Наврасони тоҷик дар чемпионати Осиё 9 медал ба даст оварданд
Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Дубайи АМА ба қисмати финалӣ расид.
ДУШАНБЕ, август – SPORTS.tj. Шоми 29 август муҳорибаҳои қисмати финалӣ миёни наврасон сурат гирифт. Дар ин қисмат як варзишгари мо – Руслан Ғафуров дар вазни -50кг иштирок кард, вале аз ҳарифи узбекистониаш Ҳоҷиакбар Маҳмудов мағлуб ва сазовори медали нуқра гардид.
Ҳашт варзишгари дигарамон – Анушервон Файзов (-46кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷаборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг) дар қисмати нимфинал аз ҳарифонашон шикаст хурда, сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.
Шумораи иштирокчиёни наврас 152 нафарро ташкил медиҳад, миёни ҷавонон бошад, 141 нафар ширкат доранд. Шумораи умумии иштирокчиёни Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон дар Дубай 293 нафар, аз ҷумла 84 духтарро аз 15 давлат ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, аввалин маротиба аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Ҳамчунин, бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим гардид. Ҳамин тариқ, миёни наврасон барандагони медали тилло 4000 доллари ИМА, медали нуқра 2000 доллар ва медали биринҷӣ 1000 доллари ИМА мукофотпулӣ гирифтанд.
Миёни наврасон варзишгарони Узбекистон 9 медали тилло, 7 нуқра, 6 биринҷӣ ба даст оварданд. Варзишгарони Қазоқистон 8 тилло, 9 нуқра, 8 биринҷӣ гирифтанд, Ҳиндустон 8 тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ, Эрон 1 тилло, 2 биринҷиро сазовор гардиданд. Шоми имрӯз, 30 август, муҳорибаҳои финал миёни ҷавонон сурат мегирад.