Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон

Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар рӯзи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Олбияи Италия идома меёбад, Тоҷикистонро Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Саидраҳим Раҳимов (ҳарду дар вазни 81 кг) ва Раҳматулло Мирзоев (90 кг) муаррифӣ карданд.

ДУШАНБЕ, октябр – SPORTS.tj. Саидраҳим Раҳимов (81 кг), ки бори аввал дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзад, дар нахустин рақобаташ аз Ҳабиб Мустафа (Босния ва Ҳерсеговина) бо «иппон» шикаст хӯрд.

Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (81 кг) нерусанҷиро аз даври дуюм муқобили Халид Албарак аз Кувейт оғоз кард. Ҷудокори тоҷик пас аз гузашти ду дақиқа рақобатро ба бахши «не ваза» гузаронид ва ниҳоятан бо иҷрои «осаекоми» бар ҳарифаш пирӯз шуд.

Дар даври сеюм бо Аурелиен Бонферрони аз Швейтсария даст ба гиребон шуд. Дар вақти асосии нерусанҷӣ ҳеҷ кадом ғолиб наомада, дар «голден скор» Абдуҷалилзода тавонист бо иҷрои «сэой нагэ» имтиёзи «ваза-ари» касб кунад ва ғолиби ин рақобат гардад.

Мутаассифона, дар чорякниҳоӣ аз Чемпиони Аврупо 2019 миёни наврасон – Адам Тсечоев (Русия) ва дар даври тассалобахш аз Брайт Маддалони Носа (Италия) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Раҳматулло Мирзоев (90 кг) дар даври якум озод буда, дар қувваозмоии даври дуюм варзишгари Юнон – Михаил Критикосро дар 30 сония бо иҷрои «санкаку-ҷимэ» мағлуб кард ва ба даври сеюм роҳ ёфт.

Мутаассифона, дар даври сеюм аз ҷудокори Нидерланд – Тиго Ренес бо як «ваза-ари» мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Фардо, 9-уми октябр, дар вазни 100 кг Эмомризо Анварзода ва Мансур Раҳмон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Поделиться ссылкой:


Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!