Натиҷаҳои рӯзи охири чемпионати Тоҷикистон
Рақобатҳои рӯзи сеюми чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо байни мардон дар вазнҳои 100 кг ва +100 кг, бонувон 57 кг ва 70 кг ва рақобатҳои даставӣ баргузор шуданд.
ДУШАНБЕ, ноябр – SPORTS.tj. То ба финали ин 100 кг ду ҷудочии номдори кишвар Носир ШЕРХОНОВ ва Фирдавс НАСИМОВ, ки ҳарду мизбони ин мусобиқа мебошанд, роҳхат гирифтанд. Фирдавс НАСИМОВ барои роҳ ёфтан то марҳилаи асосӣ намояндаи Суғд – Фарзин ҲУСЕЙНОВ, Эмомризо АНВАРЗОДА ва Мансур РАҲМОНро мағлуб намуд.
Носир ШЕРХОНОВ бошад, то финал Пирҳамад ХАЛИЛОВ, Абубакри АКОБИР ва Седиброз ИКРОМОВро аз пеши роҳаш дур кард. Дар финал Фирдавс НАСИМОВ бо як партофти ҷолиб имтиёзи «Иппон»-ро ба даст оварда барандаи медали тилло гардид. Дар ин вазн медалҳои биринҷиро Мансур РАҲМОН ва Эмомризо АНВАРЗОДА соҳиб шуданд.
Дар вазни +100 кг бошад, Толибҷон ТОҲИРОВ ва Хуршед МАҶИДОВ ба финал роҳхат гирифтанд. Хуршед МАҶИДОВ то финал Алӣ САИДОВ — намояндаи Хатлон-2, Бобоҷон БОБОЕВ ва дар «голден скор» Муҳаммадбек ФАРҲОДОВро дучори бохт намуд.
Толибҷон ТОҲИРОВ бошад, барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ – Давлатҷон НАЗРИЕВ намондаи Хатлон-2, Умед КАМОЛОВ ва Озодбек ҶУРАЕВро аз пеши роҳаш дур кард. Дар даври ниҳоӣ Хуршед МАҶИДОВ бо баҳогузории «иппон» пирӯзӣ ба даст оварда, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба ҷудо дар соли 2020 гардид. Медалҳои биринҷиро Умед КАМОЛОВ ва Бобоҷон БОБОЕВ соҳиб шуданд.
Дар вазни 57 кг байни бонувон Аҳлия МУЪМИНОВА ва Шукрона КАРЧИЕВА бар рақибонашон пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфтанд. Дар рақобати финалӣ Аҳлия МУЪМИНОВА муваффақ шуда, медали тиллоӣ вазни 57 кг-ро соҳиб гардид. Медалҳои биринҷиро бошад, Ватансу ШАКАРШОЕВА ва Ҷаннатзо ҚУРБОНАЛЛИЕВА сазовор шуданд.
Дар вазни 70 кг Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА ва Фазилат ГУЛБОЕВА бо осонӣ ба финал роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоӣ Шоҳида ғолибият ба даст оварда, унвони қаҳармониро соҳиб гардид. Нишонҳои биринҷии ин вазнро Гулафзо ГУЛОВА, Мавлуда ОДИНАЕВА аз худ намуданд.
Хотиррасон мекунем, ки аввалин маротиба дар таърих дар чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо рақобатҳои даставӣ барпо шуданд, ки беҳтарин манотиқи паҳлавонпарвари кишвар ҳамакнун муайян гардиданд. Дар даври ниҳоӣ тими Душанбе бар дастаи Суғд ғалаба карда, барандаи медалҳои тиллоӣ гардид. Дар рақобат барои ҷои сеюм, дастаи Рашт тими «Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ»-ро мағлуб карда сазовори нишонаҳои биринҷӣ гашт. (ФЧТ)
60 кг
Абумуслим ҚАЮМЗОДА
АБДУШУКУРОВ Сарвар
Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ
Саъдӣ СОБИРЗОДА
66 кг
Суфиев Баҳром
Раҷабов Муҳаммадисо
Масъуди АҲМАДЗОД
Фурқат МУБОРАКҚАДАМОВ
73 кг
Муҳаммадшариф НАҶМИДДИНОВ
Қоим ШУКРОНОВ
Муҳаммадиқбол ТОШЕВ
Алӣ БОҚИЕВ
81 кг
Ҳақназар НАЗАРОВ
Оламафрӯз АБДУРАҲМОНОВ
Ҳамроз РАҶАБОВ
Умар РАСУЛОВ
90 кг
Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
Комрон КАРЛИКОВ
Сабрулло ҲИКМАТУЛЛОЕВ
Исроил РАҲИМОВ
100 кг
Насимов Фирдавс
Шерхонов Носир
Рахмонов Мансур
Анварзода Эмомризо
+100 кг
Маджидов Хуршед
Тохиров Толибджон
Бобоев Бободжон
Камолов Умед