Муваффақияти таэквондочиёни тоҷик дар Намангон
Дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон 2-юм мусобиқаи кушоди вилояти Намангон оид ба таэквон-до (WT) оғоз шуд, ки то 31 май идома меёбад.
ДУШАНБЕ, октябр — SPORTS.tj. Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон, намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Мусобиқа миёни кӯдакони соли таваллудашон 2013-2014, 2008-2010, наврасони соли таваллудашон 2005-2007 ва калонсолон сурат гирифт. Шумораи иштирокчиён 2300 нафарро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи таэквон-до Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 61 нафар – 46 писар, 15 духтар – ба Намангон сафарбар гардиданд.
Онҳоро мураббиён Исломиддин Фозилов, Давлатмурод Каримов, Фарҳод Негматов, Далер Фозилов, Муҳиддин Ҳотамов ва Файзбахш Шоев ҳамроҳӣ менамоянд. Ҳамчунин чор довари тоҷик рақобатҳоро ҳакамӣ мекунанд.
Варзишгарони мо дар рӯзи аввали ин мусобиқа миёни калонсолон сазовори 9 медал — 3 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ – гардиданд.
Медалҳои тиллоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 80 кг, Муниса Ойматова дар вазни 49 кг, Рӯзигул Саидова дар вазни +73 кг ба даст оварданд.
Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни 63 кг, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 74 кг, Мунира Абдусаломова дар вазни +73 кг сазовори медалҳои нуқра ва Абумуталиб Мирзоев дар вазни 54 кг, Нуралишо Солиҳов дар вазни 63 кг ва Руқия Алиаҳмадова дар вазни 53 кг сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.