Муваффақияти ҷавонони тоҷик дар ЧО оид ба бокс дар Дубай

Муваффақияти ҷавонони тоҷик дар ЧО оид ба бокс дар Дубай
Подписаться на

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон, ки 20 август дар шаҳри Дубайи АМА оғоз гардид, ҷараён дорад.

ДУШАНБЕ, август – SPORTS.tj. Давоми 4 рӯз муҳорибаҳои даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал баргузор шуданд, ки дар натиҷа 15 муштзани ҷавони мо ба нимфинал роҳ ёфтанд. Дастаи мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайти 21 нафар ба Дубай сафарбар гардида буданд.

Миёни наврасон Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-50кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷаборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг); миёни ҷавонон бошад, Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51кг), Искандарбек Рустамов (-54кг), Абубакр Муродов (-57кг), Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Сироҷиддин Ҳоҷибоев (-67кг) ва Дурандеш Зубайдов (-80кг) дар нимфинал муҳорибаро идома медиҳанд.

Муҳорибаҳо аз рӯи 51 категорияи вазнӣ (писарону духтарон) сурат мегиранд ва то 30 август идома меёбанд.

Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, аввалин маротиба аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Дар он 268 варзишгари соли таваллудашон 2003-2004 миёни ҷавонон ва 2005-2006 миёни наврасон аз 18 давлати қора иштирок доранд.

Бори аввал дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим мегардад. Варзишгароне, ки миёни ҷавонон медали тилло ба даст меоранд, ҳамчунин 6000 доллари ИМА ҷоизапулӣ хоҳанд гирифт. Барои медали нуқра 3000 доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҷоизадорон миёни наврасон бошанд, мутаносибан бо 4000 доллари ИМА, 2000 доллар ва 1000 доллар сарфароз мегарданд.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!