Лейтенант Акмалиддин Каримов аз чемпионати ҷаҳон ба Ватан баргашт

Лейтенант Акмалиддин Каримов аз чемпионати ҷаҳон ба Ватан баргашт
Подписаться на

Мураббии дастаи варзишии қисми низомии  Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калон Акмалиддин Каримов дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Сербия дар вазни 57 кг ҳунарнамоӣ намуда, бо медали нуқра ба Ватан баргашт.

ДУШАНБЕ, ноябр – SPORTS.tj. Чемпионати мазкур аз 5 то 9 ноябр дар Ҷумҳурии Сербия доир гардида, дар он намояндагони кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар ин сабқат Акмалиддин Каримов дар чанд марҳила ба рақибони худ аз кишварҳои Франсия, Ӯзбекистон ва Украина дастболо гардида, дар даври ниҳоӣ танҳо аз варзишгари Федератсияи Россия Владимир Гладких мағлуб шуд. Бо ҳамин барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон гардида, парчами Ватани азизи хешро дар арсаи байналмилалӣ барафрохт.

Дар ин бора хабарнигори Sports.tj бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Акмалиддин Каримов қаблан 4 маротиби барандаи медали нуқра ва 3 медали биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон миёни ҷавонон, 2 карат чемпиони ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, 5 карат қаҳрамони Осиё, 5 карат қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон буда, 16 карат ғолиби чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи дигар ҷоизаву мақомҳои ифтихорӣ дар сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ мебошад.

Номбурда Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо буда, ҳамзамон шогирдони зиёдеро дар ин соҳаи варзиш тарбия менамояд.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!