Легионерони мо ин ҳафта чи гуна баромад намуданд?

Легионерони мо ин ҳафта чи гуна баромад намуданд?
Подписаться на

Дар чемпионатҳои гуногун, ки футболбозони мо иштирок доранд, даври навбати доир гардид, ки инҷо муфассал хоҳем навишт.

Ӯзбекистон, даври 4

Пахтакор – Навбаҳор (Эҳсони Паншанбе) 1:0

Эҳсони Паншанбе дар курсии эҳтиётӣ  боқӣ монд.

Бунёдкор (Давронҷон Эргашев) – Динамо Самарқанд 2:1

Давронҷон Эргашев пурра 90 дақиқа дар майдон буд.

Сурхон (Зоир Ҷӯрабоев) – АГМК (Алишер Ҷалилов) 1:2

Зоир Ҷӯрабоев дар ҳайати асосӣ ба майдон омад ва дар дақиқаи 14 корти зард гирифт ва дар дақиқаи 36-ум сармураббӣ ӯро аз майдон гирифт. Алишер Ҷалилов бошад 90 дақиқа майдондорӣ намуд ва як ассист анҷом дод.

Ҷоми Филлипин, даври гуруҳӣ.

Мендиола – Юнайтед Сити (Амир Ҷӯрабоев) 0:0

Амир Ҷӯрабоев 90 дақиқа майдондорӣ намуд.

Лигаи якуми Ҳиндустон, даври 10

Айҷал (Бахтиёр Қаландаров) – ТРАУ 1:2

Бахтиёр Қаландаров 90 дақиқа майдондорӣ намуд.

НЕРОКА – Черчилл Брозерс (Комрон Турсунов) 2:4

Комрон Турсунов дар ин дидор 90 дақиқа майдондорӣ намуд ва 1 гол ба самар расонид. Ҳаминро гуфтан ба маврид аст, ки Комрон сеюмин бозӣ пайи ҳам ба задани гол даст меёбад.

Эрон, даври 24

Ҳаводор – Персеполис (Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов) – 0:0

Ҳарду футболбози тоҷик дар курсии эҳтиётӣ боқӣ монданд.

Қазоқистон, даври 4

Мактаарал (Шериддин Бобоев) – Остона 0:3

Шериддин Бобоев дар дақиқаи 60-ум ба майдон омад то охири дидор баромад намуд.

Болгария, даври 25

ЦСКА 1948 – Локомотив Пловдив (Парвизҷон Умарбоев) 4:0

Парвизҷон Умарбоев дар қисми дуюми дидор ба майдон омад ва 45 дақиқа майдондорӣ намуд.

Бангладеш, даври 10

Шайх Рассел – Раҳматгонж (Сиёвуш Асроров) 1:1

Сиёвуш Асроров 90 дақиқа майдондорӣ намуд.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!