Легионерони мо дар хориҷа чи гуна баромад намуданд?
Дар чемпионатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон аз ҳисоби оне, ки мунтахабҳо бозӣ мекунанд, танаффус аст, вале дар чемпионатҳои Ҳиндустон, Филиппин ва Бахрейн, футболбозони мо бозиҳои навбатиашонро доир намуданд.
Ҳиндустон, даври 7
Черчилл Брозерс — Айҷал 2:1
Черчилл Брозерс (Комрон Турсунов) — Айҷал (Бахтиёр Қаландаров) — Дастаи Черчилл Брозерси Комрон Турсунов дар даври 7-уми лигаи якуми чемпионати Ҳиндустон бо дастаи Айҷали Бахтиёр Қаландаров ворди рақобат шуда, бо натиҷаи 2:1 шикаст дод ва яке аз голҳоро Комрон Турсунов ба ҳадаф расонид.
То ин дам дар ҳисоби Комрон Турсунов дар дастаи Черчилл Брозерс як ассист касб шуда буд. Комрон Турсунов дар ҳайати Черчилл Брозерс ва Бахтиёр Қаландаров дар ҳайати Айҷал 90 дақиқагӣ майдондорӣ намуданд.
Ҷоми Бахрейн, марҳилаи 5-ум
Ал Халидия — Ал Манила 3:2
Ал Манила (Нозим Бобоҷонов) — Дар ин дидор футболбози тоҷик 45 дақиқаи қисми дуюм ба майдон омад ва то анҷом баромад кард.
Ҷоми Филиппин, даври 1-м
Юнайтед Сити — Махарлика 4:0
Юнайтед Сити (Амир Ҷӯрабоев) — Дар бозии аввалин Ҷоми Паулинйо Алкантараи Филиппин дастаи Юнайтед Сити бо Амир Ҷӯрабоев дастаи Махарликаро 4:0 шикаст дод. Футболбози тоҷик дар ин дидор дар дастаи Юнайтед Сити дебют намуд ва 90 дақиқа майдондорӣ кард.