LA-28 аз сохтани иншооти нав даст кашид
Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос Анҷелес нақша доранд, ки консепсияи ҳадди аксар истифода бурдани инфрасохтор ва иншооти варзишии мавҷударо амалӣ кунанд.
ДУШАНБЕ, сентябр – SPORTS.tj. Ин имкон медиҳад, ки ба ҷанбаҳои дигар таваҷҷуҳ карда шавад ва таъсири манфиро ба муҳити зист кам кунад.
Бренс Калп, сухангӯи Кумитаи тадорукотии LA-2028 гуфтааст: «Лос Анҷелес аллакай барои баргузории Бозиҳои олимпии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатар омода аст. Мо метавонем ба принсипи такроран истифода бурдани беҳтарин сохторҳои шаҳр такя кунем. Ин на танҳо ба варзишгоҳҳо, балки ба пойгоҳҳои таълимӣ, биноҳои истиқоматии Донишгоҳи Калифорния, ки Деҳаи олимпӣ ҷойгир хоҳад шуд, дахл дорад”.
Интизор меравад, ки чунин як равиши прагматикӣ, тибқи Рӯзномаи олимпӣ 2020+5, барои ташкилкунандагони Бозиҳои олимпии навбатӣ намунаи возеҳе гардад ва ба онҳо кӯмак кунад, ки раванди омодагӣ то ҳадди имкон аз лиҳози экологӣ тоза бошад.
Ин инчунин имкон медиҳад, ки Мемориали Колизейи Лос Анҷелес, ки ҳанӯз соли 1923 сохта шудааст, ба таърих ҳамчун ягона варзишгоҳ, ки се маротиба Бозиҳои олимпиро баргузор кардааст, дохил шавад: солҳои 1932, 1984 ва 2028.