Илҳом Баротов чаро пеналтиро ба Мбеке дод?
Дастаи «Истаравшан» дар бозии даври аввали чемпионати Тоҷикистон бар дастаи «Файзканд» 5:0 ғолиб омад.
ДУШАНБЕ, апрел — SPORTS.tj. Дар бозии мазкур ба дарвозаи «Файзканд» пеналти таин карда шуд, ки мебоист капитан ва пеналтизани асосии «Истаравшан» Илҳом Баротов иҷро намояд, вале ӯ ин корро ба ӯҳдаи ҳамлагари камерунии даста Мбеке Деудони гузошт.
Чаро? Худи капитан инро чунин шарҳ дод:
— Пеналтиро мебоист ман ба иҷро расонам, вале Мбеке ба ман гуфт, ки мехоҳад ӯ иҷро намояд. Ба ӯ розигӣ додам, то пеналтиро иҷро кунад.
Муҳим барои ман ин гол нест, муҳим ғалабаи даста аст, ки мо тавонистем дар сафар «Файзкандро» шикаст диҳем.