“Хатлон” қарордодро бо Аслиддин Ҳабибуллоев тамдид кард

“Хатлон” қарордодро бо Аслиддин Ҳабибуллоев тамдид кард
Подписаться на

ФК «Хатлон» бо сармурабби худ Аслиддин Ҳабибуллоев ба 2 соли дигар шартномаашро тамдид намуд.

ДУШАНБЕ, январ – SPORTS.tj. Имрӯз бо иштироки раиси Клуби футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар Исроил Шарипов ва мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ капитан ва дарвозабони тими миллии кишвар, мутахассиси футболи тоҷик Аслиддин Ҳабибуллоев шартномаи ҳамкорӣ барои боз ду соли дигар ба имзо расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки Аслиддин Ҳабибуллоев дар давоми фаъолияти касбияш ба гирифтани ҷоизаҳои зиёде мушарраф гардидааст. Аз ҷумла, барандаи чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи “Вахш” дар соли 2009, соҳиби медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи “Вахш” дар соли 2010 мебошад. Ҳамчунин, дар соли 2009 мураббии беҳтарини сол дониста шудааст.

Баъди имзои шартнома раиси КФ “Хатлон” Исроил Шарипов ба сармураббии даста Аслиддин Ҳабибуллоев дар мавсими нав барору комёбӣ орзу намуд.

Дар ин бора дар саҳифаи инстаграмии клуб хабар дода шудааст.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!