Футбол-2021: бозингарони беҳтарин
Sports.tj аз бурду бохти соли 2021 дар футболи тоҷик ҳарф хоҳад зад.
Ҳамлагари сол
Агар ба бурду бохти футбол назар кунем, яке аз нақшҳои асосиро ҳамлагар мебозад. Гол бар души ҳамлагар вобаста карда шудааст.
Ҳамлагари сол аз рӯи фарзияи мо ин Илҳом Баротов ба ҳисоб меравад, ки имсол ҳам чун соли гузашта хуб баромад намуд. Мубориза барои мақоми сеюм (Истаравшан мақоми чорумро соҳиб шуд) ҳам аз талошу заҳматҳои ин футболбоз вобастагӣ дорад.
Нимҳимоятгари сол
Мавқеъи нимҳимояи майдон яке аз мавқеъҳои сермеҳнаттарин ба ҳисоб меравад, ки на ҳар кас аз ӯҳдааш мебарояд. Бояд ба ҳимоя ва ҳам ба ҳамла кумак намояд.
Имсол аз рӯи фарзияи мо беҳтарин нимҳимоятгари сол ин Алишер Ҷалилов буд. Худ бозии ӯро дар ЛЧ-и Осиё ва дар чемпионати Тоҷикистон ба хотир оред. Капитани Истиқлол фикр мекунам, ки Ке аз беҳтарин мавсимҳои худро баргузор намуд.
Ҳимоятгари сол
Ҳимояи имсолаи футболи кишвар нисбат ба солҳои гузашта хубтар шуда истодааст ва ин аз бозиҳои байналмилалӣ дидан мумкин аст.
Аз рӯи фарзияи SPORTS.TJ беҳтарин ҳимоятгар ин Манучеҳр Сафаров гардид. Манучеҳр чи дар мунтахаб ва чи дар дастаи Истиқлол бозии хуберо нишон дод ва махз хамин сабаб шуд, ки ӯро Персеполис харидорӣ намуд
Футболбози сол
Футболбози солро интихоб намудан хеле кори душворест, вале бояд як нафарро интихоб намуд. Интихоб байни Фатҳулло Фатҳуллоев аз КМВА, Алишер Ҷалилов аз Истиқлол ва Илҳом Баротов аз Истаравшан хеле мушкил буд.
Мо байни ин се футболбоз Фатҳулло Фатҳуллоевро интихоб кардем, чунки новобаста аз нокомии аввали мавсим тавонист, ки ҳамроҳи дастаи худ тавонист мақоми СЕЮМИ чемпионатро соҳиб шавад ва аввалин маротиба дар таърихи даста ба Кубок АФК роҳхат гирад.
Мураббии сол
Кори мураббигӣ хеле душвор аст, чи тавре, ки мегуянд: — Ба тамоми натиҷаҳои даста мураббӣ ҷавобгар аст.
Имсол мураббиёни мо нисбати солҳои гузашта худро хуб нишон доданд ва аз рӯи оне, ки Истиқлол дар ЛЧ-и Осиё баромади хуб намуд, мо тасмим гирифтем, ки мураббии солро ба Виталий Левченко тақдим кунем.
Довари сол
Довари касбест хеле мушкил, вале новобаста аз ин шахсоне ҳастанд, ки ин соҳаро пеша мекунанд. Аз бохти дасташон бештари мухлисон аз довар домангир мешаванд, вале чи чора…
Довари сол аз рӯи фарзияи мо ин — Беҳруз Муртазоев ба ҳисоб меравад. Маҳз малакаи касбии олии ӯ буд, ки ин шахсро ба финал Ҷоми Тоҷикистон довар таин намуданд.