Дилшодбек Юлдошев — барандаи Ҷоми Президент дар вазни 66 кг
Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе 8-умин мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2021 ҷараён дорад.
ДУШАНБЕ, октябр — SPORTS.tj. Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ дар вазни 66 кг сурат гирифта, ҷудокори ботаҷрибаи Ӯзбекистон – Дилшодбек Юлдошев соҳиби 8-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дилшодбек дар даври якум бо Худобахш Сулаймонов (Тоҷикистон) нерусанҷӣ кард. Ҷудокори ӯзбек дар дақиқаи дуюми рақобат бо иҷрои усули зебои «ура-нагэ» имтиёзи «ваза-ари» ба даст оварда, онро то охир ҳифз намуд ва ғолиби ин рақобат гардид.
Дар даври дуюм Юлдошев бо Саидбек Ҷорубов (Тоҷикистон) вориди майдони рақобат шуд. Ин навбат Дилшодбек бо усули «сэои нагэ» ҳарифро шикаст дод ва ба даври навбатӣ роҳ ёфт.
Дар сеюмин рақобаташ ҷудочии ботаҷрибаи ӯзбек, варзишгари Тоҷикистон — Масъуди Аҳмадзодро дар сонияҳои охири қувваозмоӣ бо «тай отоси» шикаст дод ва ба даври чорякниҳоӣ баромад. Дар чорякниҳоӣ дар «голден скор» ҷудокори дигари тоҷик – Фаррух Ҳалимовро мағлуб кард.
Дар ниманиҳоӣ варзишгари Ӯзбекистон бо ҳамватанаш – Муҳриддин Тилолов рақобати шадид анҷом дод. Юлдошев, ки пас аз гузашти се дақиқа танҳо ду «шидо» дошт, дар дақиқаи охири рақобат ташаббусро ба даст гирифта, тавонист дар бахши «не ваза» (кор дар замин) имтиёзи «ваза-ари» касб кунад ва ниҳоятан 35 сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ бо усули «учимата» ҳамдиёри худро шикаст диҳад ва ба финали мусобиқа роҳ ёбад.
Дар рақобати ниҳоӣ Фирӯз Мелибойзодаро (Тоҷикистон) дар дақиқаи дуюми майдондорӣ бо «тай отоси» ноком кард ва ғолиби мусобиқа дар вазни -66кг гардид.
Натиҷаҳои ниҳоии 66 кг:
1. Дилшодбек ЮЛДОШЕВ (UZB)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (TJK)
3. Орифҷон ДОДОВ (TJK)
3. Абубакр БОҚИЕВ (TJK)
5. Муҳриддин ТИЛОЛОВ (UZB)
5. Фаррух ҲАЛИМОВ (TJK)