Чемпионати ҷаҳон барои ҷудокорони тоҷик хотима ёфт
Дар рӯзи чоруми чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Олбияи Италия идома меёбад, Тоҷикистонро Эмомризо Анварзода ва Мансур Раҳмон дар вазни 100 кг намояндагӣ карданд.
ДУШАНБЕ, октябр — SPORTS.tj. Ҳарду варзишгар дар даври аввал ноком ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гаштанд. Мансур Раҳмон аз Киллиан Каппелмайер (Олмон) бо як «ваза-ари» ва се «шидо» мағлуб шуд.
Эмомризо Анварзода бошад, аз ҷудокори Тунис – Коуссай Бен Харес бо “осаекоми” шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи сеюм Тоҷикистонро Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Саидраҳим Раҳимов (ҳарду дар вазни 81 кг) ва Раҳматулло Мирзоев (90 кг) муаррифӣ карданд. Саидраҳим Раҳимов (81 кг) дар нахустин рақобаташ аз Ҳабиб Мустафа (Босния) бо «иппон» шикаст хӯрд. Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (81 кг) нерусанҷиро аз даври дуюм муқобили Халид Албарак аз Кувейт оғоз кард. Ҷудокори тоҷик пас аз гузашти ду дақиқа рақобатро ба бахши «не ваза» гузаронид ва ниҳоятан бо иҷрои «осаекоми» бар ҳарифаш пирӯз шуд.
Дар даври сеюм бо Аурелиен Бонферрони аз Швейтсария даст ба гиребон шуд. Дар вақти асосии нерусанҷӣ ҳеҷ кадом ғолиб наомада, дар «голден скор» Абдуҷалилзода тавонист бо иҷрои «сэой нагэ» имтиёзи «ваза-ари» касб кунад ва ғолиби ин рақобат гардад.
Раҳматулло Мирзоев (90 кг) дар қувваозмоии даври дуюм варзишгари Юнон — Михаил Критикосро дар 30 сония бо иҷрои «санкаку-ҷимэ» мағлуб кард ва ба даври сеюм роҳ ёфт. Дар даври сеюм аз ҷудокори Нидерланды – Тиго Ренес бо як «ваза-ари» мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.