Чемпионат-2022: омори даври 1-ум – ҳайати рамзии даври якуми

Чемпионат-2022: омори даври 1-ум – ҳайати рамзии даври якуми
Подписаться на

Даври якуми чемпионати Тоҷикистон ба анҷом расид ва вақти он расидааст, ки оиди омор гап занем.

Гол

Дар ин давр 14 гол ба самар расонида шуд, ки ба ҳисоби миёна 3.5 голи ба як бозӣ рост меояд.

Корти зард

Аз ҳисоби корти зард бошад, дар ин давр доварон 22 маротиба нишон доданд. Аз ҳама бештар ба бозингарони Эсхата корти зард нишон дода шуд – 5. Равшани Кулоб – 4.

Корти сурх

Ҳамагӣ 2 корти сурх дода шуд, ки ҳарду ҳам ба бозингарони дастаи Хуҷанд буд. Аввалан Алишер Баротов бо корти сурх муҷозот шуд ва баъдан Фирдавс Чақалов бо гирифтани корти зарди дуюм тарки майдон кард.

Пеналти

Ҳамагӣ 1 пеналти таин карда шуд, ки инро ҳам бошад Мбеке Деудони аз Истаравшан ба самар расонид.

Мухлисон

Шумораи умумии мухлисон дар 4 бозӣ, ба 5800 нафар расид, ки аз ҳама бештар мухлисон дар бозии Эсхата – Хуҷанд ҷамъ омаданд – 4100.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!