Чаро Фатҳулло Фатҳуллоев «Регар-ТадАЗро» интихоб намуд?
Футболбози саршиноси кишвар Фатҳулло Фатҳуллоев оиди гузаришаш ба «Регар-ТадАЗ» чунин гуфт.
— Пешниҳодҳо нисбати идомаи корномаам зиёд буданд. Аз хориҷа ҳам буд ва инчунин аз Қирғизистон, ки бо дастаи «Абдиш-Ата» шартнома намудем, вале бо сабабҳое натавонистам дар чемпионати Қирғизистон баромад кунам.
— Чаро маҳз дастаи «Регар-ТадАЗро» интихоб намудед?
— Пештар, ҳангоме ки «Регар-ТадАЗ» дар авҷи аъло буд, ҳама футболбозони кишвар орзу мекарданд, ки дар ҳайати ин даста баромад кунанд.
Даста таърихи бузурге дорад, чи дар дохил ва чи дар мусобиқоти Осиёӣ натиҷаҳои назаррасро ноил шудааст.
Имсол, ки даста дар назди худ мақсадҳои хубе пеша кардааст, хостам кумак кунам.
— Ба ғайр аз «Регар-ТадАЗ», аз Тоҷикистон боз пешниҳод буд?
— Бале буданд, вале инҷо номбар карда наметавонам. 4-5 дастаҳои кишвар маро даъват карданд, вале мақсади ман, ки ба «Регар-ТадАЗ» гузаштан буд, онҳоро рад намудам.