ЧҶ оид ба бокс миёни бонувон-2021 дар Истанбул доир мешавад

ЧҶ оид ба бокс миёни бонувон-2021 дар Истанбул доир мешавад
Подписаться на

12-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон 4-19 декабри соли 2021 дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, ноябр – SPORTS.tj. Макони баргузории чемпионат маҷмааи варзишии “Басаксеҳир” интихоб шудааст, ки шароити тамрин ва машқи баданро дорад. Инчунин дар атрофи маҷмаа ҳавзи шиноварӣ низ ҳаст.

Муҳорибаҳо 7 декабр оғоз мегардад, қисмати финалиро бошад, 18 декабр метавон тамошо кард. Мисли чемпионати ҷаҳон миёни мардҳо, барои бонувон низ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст: ҷои аввал – 100 000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 50 000 ва ҷои сеюм – 25 000 доллари ИМА.

Аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон соли 2001 – бист сол пеш – дар Скрэнтони ШМА доир гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия, Подолск, Деҳлӣ (ду маротиба), Нинбо, Бриҷтоун, Синхуандао, Ҷеҷу, Остона ва Улан-Удэ мизбони ин чорабинӣ буданд.

Бонувон дар Истанбул аз рӯи 12 категорияи вазнӣ сабқат мекунанд: 48 кг; 50 кг; 52 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 63 кг; 66 кг; 70 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!