Бозиҳои зимистонаи олимпӣ пас аз шаш моҳ баргузор мешавад
То Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 камтар аз шаш моҳ мондааст ва шоҳиди мусобиқоти намудҳои зимистона хоҳем шуд.
ДУШАНБЕ, август – SPORTS.tj. Муваффақияти Бозиҳои Токио ба ҷаҳониён нишон дод, ки дар шароити пандемияи кунунӣ мизбони Бозиҳои олимпӣ будан мумкин аст. Дар сурати андешидани чораҳои дуруст ва ҳамкории ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, варзишгарони ҷаҳон метавонанд муттаҳид шаванд ва дар чорабинии амн ва бехатар иштирок кунанд.
Дар Пекин ҳамаи иншооти варзишӣ, ки ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ пешбинӣ шуда буданд, омодаанд ва аксарият аз ҷониби федератсияҳои дахлдори байналмилалӣ тасдиқ шудааст. Силсилаи 10 чорабинии санҷишӣ аз моҳи октябр то декабр гузаронида мешаванд.
24-ум Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад. Пекин дар таърихи ҳаракати олимпӣ аввалин шаҳе хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад. Бар барномаи Бозиҳои Пекин-2022 7 намуди варзиш (15 равияи варзиш) ворид аст. Беш аз 4000 варзишгар аз қариб 100 давлати ҷаҳон барои 109 маҷмӯи медалҳо талош хоҳанд кард.
Ғоибов Баҳриддин ва Саидашраф Эшонов ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки аз моҳи октябр шуруъ мегардад, омодагӣ мебинанд.