Бозиҳои Осиёии наврасон ба таъхир андохта шуд

Бозиҳои Осиёии наврасон ба таъхир андохта шуд
Подписаться на

Шӯрои олимпии Осиё, Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои осиёии наврасон – Шантоу-2021 ҷиҳати ба таъхир андохтани бозиҳо қарор қабул карданд.

ДУШАНБЕ, сентябр – SPORTS.tj. 3-юм Бозиҳои осиёии наврасон, ки 20-28 ноябри соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, бо як соли таъхир – 20-28 декабри соли 2022 баргузор хоҳад шуд.

Ин қарор дар пасманзари пандемияи COVID-19 қабул гардид, ки аксари кишварҳои минтақа ҳоло ҳам дар самти парвозҳои байналмилалӣ маҳдудият доранд ва вазъият дар баъзе кишварҳои қора, аз ҷумла Ҳиндустон, Эрон, Малайзия ваҳим арзёбӣ мегардад.

Дар Ҳиндустон шабонарӯзи гузашта 38130 ҳолати нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 368 нафар фавтиданд. Эрон бошад, 27138 ҳолати нави сироятёфтагон ва 635 ҳолати маргро ба қайд гирифт.

Умуман, дар қораи Осиё шабонарӯзи гузашта 213828 ҳолати сироятёбӣ ва 3810 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, ин сеюм чорабинии сатҳи қоравӣ аст, ки ба вақти дигар гузаронида мешаванд. Қаблан Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 ва Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ-2021 бекор карда шуда буданд.

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!