Бадминтон: беҳтаринҳо дар хоруғ муайян шуданд
Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар доираи гранти ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Шамсулло Соҳибов, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон миёни наврасон баргузор шуд.
ДУШАНБЕ, август – SPORTS.tj. Ба иттилои Федератсияи бадминтони Тоҷикистон, дар мусобиқа, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ду даста аз ВМКБ, ду даста аз Хатлон, дастаҳои Суғд, Рашт, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе, умуман беш аз 80 варзишгар ширкат намуданд.
Дар натиҷа, дастаи Хатлон бо ба даст овардани 9 медал ғолиби мусобиқа гардид. Ҷойи дуюмро бо 7 медал дастаи ВМКБ ва мақоми сеюмро бо 3 медал дастаи Суғд сазовор шуданд.