Арзиш ва рейтинги дастаҳои Ҷоми Наврӯз-2022

Арзиш ва рейтинги дастаҳои Ҷоми Наврӯз-2022
Подписаться на

Ҷоми Наврӯз 2022 аз санаи 25 март то 29 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Намангони Ӯзбекистон доир мешавад.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Дар он 4 даста, аз давр нимфиналӣ оғоз мекунанд, ки мунтахаби Тоҷикистон дар ин давр бо Уганда бозӣ хоҳанд кард. Аз рӯи рейтинги ФИФА дастаи Уганда байни иштирокчиён мақоми аввалро соҳиб аст ва ҳамин ҳоло дар мақоми 84-ум қарор дорад.

Мунтахаби Тоҷикистон бошад дар зинаи 115-ум, мақоми охирин байни иштирокчиён. Аз ҳисоби арзиши трансферӣ аз рӯи фарзияи трансфермаркт бошад, Уганда дар мақоми охирин аст ва арзишаш ҳамагӣ 1 миллион евро мебошад.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон бошад, 6.38 миллион евро нарх дорад.

Ҷуфти дуюм, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аст. Ӯзбекистон қиматтарин мунтахаби ин мусобиқот буда, зиёда аз 32 миллион евро арзиш дорад ва дар рейтинги ФИФА мақоми 85-ум соҳиб аст.

Арзиши мунтахаби Қирғизистон 6.2 миллион евро буда, дар рейтинги ФИФА мақоми 96-умро соҳиб аст.

Қиматтарин футболбози ин мусобиқот – Элдор Шомуродов аз мунтахаби Ӯзбекистон аст, ки арзишаш 10 миллион евро мебошад.

Ӯ айни замон дар дастаи «Рома» Италия баромад дорад ва саршуностарин футболбози ин мусобиқот ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!