Ҳамадонӣ Камолов – дар ҳайати асосии «Райо Махадахонда»

Ҳамадонӣ Камолов – дар ҳайати асосии «Райо Махадахонда»
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Футболбози тоҷик Ҳамадонӣ Камолов, аллакай дуюм мавсим аст, ки дар Испания аст.

ДУШАНБЕ, июл – SPORTS.tj. Агар мавсими гузашта дар ҳайати ҷавонони тими «Райо Махадахонда» бошад, имсол аллакай даъват шуд ба ҳайати асосии тими мазкур.

– Имсол хушбахтона маро ба ҳайати асосии тим даъват намуданд. Ҳаракат мекунам, ки он боварие, ки сармурабии даста ба ман кардааст аз иҷрояш бароям.

Худ аллакай маҳорат ва таъсироти тими асосиро дороам, чун дар бозии дустона ба зидди «Овйедо» 10 дақиқа ба майдон омадам. Гарчанде, ки дар ин 10 дақиқа ягон кореро анҷом дода намешавад, вале як маҳорат ва дарси бузурге гардид – чунин гуфт Ҳамадонӣ Камолов, пас аз бозии дустонаи «Райо Махадахонда» – «Овйедо» (2:0 ба фоидаи «Овйедо» анҷомид).

– Оиди забон душвори нест?

– Аввалҳо азоб мекашидам, чи мегуянд, намефаҳмидам. Лекин, ҳоло аллакай якчанд калимаҳоро медонам ва терминҳои футболиро аз худ кардам. Инчунин ҳаракат карда истодаам то ҳамклубонамро низ тоҷикӣ омузонам.

– Таомҳояш чи гуна аст? Азоб намекашед?

– Таомҳояш болаззат. Хеле бомаззаанд. Ҳамаи таомҳои инҷо ба ман писанд аст.  Дар инҷо макаронҳоро хеле хуб омода мекунанд.

– Дар кучаҳо шуморо мешиносанд?

– (Механдад) Ҳоло не, вале барои ин вақт лозим аст. Ман ҳам барои ҳамин ҳаракат карда истодаам.

– Дар оянда чи нақшаҳо доред?

– Ҳамеша ҳаракат ба суи пеш – ин аст нақшашои ҳамавақтаи ман.

https://www.instagram.com/p/CRrSluAISZa/

Поделиться ссылкой:


Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!