80 варзишгари тоҷик дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ иштирок мекунанд

80 варзишгари тоҷик дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ иштирок мекунанд
Подписаться на

Аз 4 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, август – SPORTS.tj. Дар бозиҳо иштироки 1500 варзишгар аз 10 кишвар дар назар аст: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Узбекистон.

Дар I Бозиҳои кишварҳои ИДМ варзишгарон барои 184 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 16 намуди варзиш талош мекунанд: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гуштини камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпаронӣ, тирпаронии қурс, самбо, гуштини варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ. Синни иштирокчиён аз 14 то 23 муайян шудааст.

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якум Бозиҳои кишварҳои ИДМ аз ҷумҳурии мо 80 варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш ширкат менамоянд.

Қарор оид ба баргузор кардани Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон 25 октябри соли 2019 қабул шуд. Бозиҳо бояд соли 2020 доир мегашт, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус тағйир ёфт.

I Бозиҳои кишварҳои ИДМ-2021 дар Қазон таҳти ҳимояи Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!